Ҳушдори КҲФ: Ду рӯзи оянда аз сафар ба манотиқи кӯҳистонӣ худдорӣ кунед!

Тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 24 то 26-уми майи соли равон дар қаламрави мамлакат ҳаво номусоид хоҳад буд, боронҳои сел, жола, раъду барқ, дар маҳалҳои куҳӣ ва наздикӯҳӣ боронҳои зиёду шиддатнок меборад.

Тибқи иттилои Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон аз 24 то 26-уми майи соли равон дар қаламрави мамлакат ҳаво номусоид хоҳад буд, боронҳои сел, жола, раъду барқ, дар маҳалҳои куҳӣ ва наздикӯҳӣ боронҳои зиёду шиддатнок меборад.

Ба гуфтаи мутахассисони Кумитаи Ҳолатҳои Фавқулоддаи Тоҷикистон, борандиҳои  пуршиддат дар маҳалҳои кӯҳиву наздикӯҳӣ метавонанд муҷиби рониши замин шаванд, сатҳи оби рӯдхонаҳо, каналҳо, ҷӯйборҳо боло равад, хатари ба соҳил расидани туғёни об зиёд аст.

Лағзиши тарма, резиши санг ва омадани селҳои азим низ аз эҳтимол дур нест. Ҳавои номусоид кори чорвочарониро дар чарогоҳҳо ба мушкил рӯ ба рӯ мекунад.

Дар ин робита КҲФ аз шаҳрвандон хоҳиш мекунанд дар чунин рӯзҳо аз сафар ба кӯҳҳо ва доманакӯҳҳо худдорӣ варзанд, ба ғунучини занбӯруғ ва дигар рустаниҳое, ки дар маҳалҳои кӯҳӣ мерӯянд, нараванд. Ба кӯдакон бештар диққат диҳанд ва онҳоро беназорат нагузоранд.

Кумита ба сокинон ва меҳмонон тавсия медиҳад, ки дар чунин рӯзҳо ба наздикии махзанҳои об нараванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *