Дар Рамазон Арабистон ба Тоҷикистон 50 тонна хурмо ҳадя кард

Масъулони Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи Малик Салмон ин «тӯҳфаи рамазонӣ»-и ҳукумати Арабистонро ба масъулони Оҷонсии захираҳои моддии Тоҷикистон супурданд.

Масъулони Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи Малик Салмони Арабситони Саудӣ ин «тӯҳфаи рамазонӣ»-и ҳукумати Арабистонро ба масъулони Оҷонсии захираҳои моддии Тоҷикистон супурданд.

Абдулазиз Муҳаммад Ал-Бодӣ, сафири Арабистони Саудӣ дар Тоҷикистон рӯзи 22 май  гуфт, 50 тонна хурмо бо дастури подшоҳи Саудӣ тавассути Маркази имдод ва кӯмакҳои башардӯстонаи Малик Салмон ба Тоҷикистон оварда шуд.

Дар назар аст, ин миқдор хурмо дар миёни камбизоатон ва ниёзмандон тақсим шавад.

Ба гуфтаи масъулони тоҷик, ин барои бори савум аст, ки Арабистони Саудӣ дар шакли ғизо ба Тоҷикистон кӯмак мекунад.

Соли ҷорӣ Маркази имдод ва кумакҳои башардӯстонаи Малик Салмон беш аз 10 ҳазор сабади ғизо иборат аз орду равғану дигар маводи хӯрокворӣ ба ниёзмандони Тоҷикистон пешкаш намудааст, ки он тавассути Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон тақсим гардид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *