Марҳабо ба маҳфили шеъру адаб!

Дар маҳфили мазкур адибони маъруфи тоҷик Темур Зулфиқоров, Абдулҳамид Самад, Камол Насрулло, Ҳадиса Қурбонова, Кароматулло Мирзоев, Баҳманёр, Баҳринисо, Бузургмеҳри Баҳодур, ки намунаи осорашон дар баёзи “Мозайка 3” ба табъ расидааст, иштироку суханронӣ хоҳанд кард.

Дӯстони азиз, мухлисони шеъри ноб ва сухани баланди бону Шоистаи Равшан! Ҳамаи Шуморо ба маҳфили рӯнамоии китоби “Мозайка 3”, ки санаи 28. 05. 2019 (рӯзи сешанбе) соати 15:00 дар Китобхонаи бачагонаи ба номи М.Миршакар (собиқ китобхонаи Фирдавсӣ) баргузор мегардад,  даъват менамоем.

Дар маҳфили мазкур адибони маъруфи  тоҷик Темур Зулфиқоров, Абдулҳамид Самад, Камол Насрулло, Ҳадиса Қурбонова, Кароматулло Мирзоев, Баҳманёр, Баҳринисо, Бузургмеҳри Баҳодур, ки намунаи осорашон дар баёзи “Мозайка 3” ба табъ расидааст, иштироку суханронӣ хоҳанд кард.     

Адиби маъруф, муаллифи идеяи “Мозайка 3” Шоистаи Равшан низ аз эҷодиёти наву тозаи худ ба шумо қироат хоҳад кард ва китобҳои нави худро, ки саропо ишқу меҳру муҳаббат аст, ба шумо  ҳадя мекунад.

Шоираи Раҳимҷон ва командаи эҷодии ӯ ҳамроҳи сарояндагони хушсадо Олимҷон Хӯҷамов ва Муҳаммадтобеъ Хурсандов бо сурудҳои марғуби худ табъи шуморо болида хоҳанд кард.

Хуллас, дар ин рӯзҳои рамазонӣ ин маҳфили шеъру суруд ба шумо ғизои маънавӣ хоҳад бахшид.

Марҳабо ба маҳфили шеъру адаб!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *