Ҳушёр шавед, ду рӯзи пурхатар дар пеш аст!

 

Боду ҳавошиносон дар Тоҷикистон ҳушдор медиҳанд, ки  ду рӯзи оянда эҳтиёткор бошанд, зеро ҳаво дар кишвар тағйир меёбад ва мумкин аст, бар асари боди сахт хатҳои интиқоли барқ канда шаванд, дарахтон бишкананд ва боми хонаҳо зарар бинанд.Дар баёнияи Маркази ҳавошиносии Тоҷикистон омадааст, ки аз 16-ум то рӯзи 18-уми апрел ҳаво тағйир меёбад ва мумкин аст, боронҳои сахт борида раъду барқ ва жола ҳам мушоҳида шавад. Дар баландии то 2500 метр аз сатҳи баҳр эҳтимоли боридани барф ҳам вуҷуд дорад.Ҳавошиносон мегӯянд, ҳарорат дар баъзе аз ноҳияҳои кишвар аз 8 то 10 дараҷа поин меояд. Дар Душанбе ки ҳаво то 25 дараҷа гарм аст, ба гуфтаи ҳавошиносон то ду рӯзи дигар ҳарорат ба 17 дараҷа мерасад.Дар ҳушдори Маркази ҳавошиносӣ омадааст, ки дар вилояти Хатлогн боди сахт ва аз 15 то 20 метр дар як сония мевазад ва эҳтимол сатҳи об дар рӯдхонаҳои Ёхсу ва Қизилсу ва дигар рӯдхонаҳои ҷануби қаторкӯҳҳои Ҳисор якбора баланд равад. Дар ноҳияҳои кӯҳӣ хатари сел зиёд мешавад.Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода ҳам бо нашри баёнияи махсусе гуфтааст, ки дар баъзе ноҳияҳои вилояти Хатлон тӯфон бо гарду ғубор меояд ва “хатари аз раъду барқ зарар дидани одамон, болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо, дар роҳҳои кӯҳӣ омадани сел ва лағзиши тарма вуҷуд дорад.”Ба назардошти ин ҳама Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ба шаҳрвандон тавсия медиҳад, ки дар сурати “борони сахт ва раъду барқ ва боди шадид, зери дарахтон, симчӯбҳо, пояҳои реклом худро пинҳон накунанд. Аз зери тирезаҳо низ дуртар бошанд. Ғайр аз ин ҳангоми борони шадид ва жола аз рафтан ба назди рӯдхонаҳо ва моҳидорӣ худдорӣ кунанд.Мутахассисони кумита ҳамчунин аз шаҳрвандон хоҳиш кардаанд, ки дар ду рӯзи оянда барои ҷамъоварии замбӯрӯғ ва дигар рустаниҳо, ба мисли чукриву торону сиёаҳалаф ба кӯҳҳо нараванд ва ҷони худро дар хатар нагузоранд.Кумитаи ҳолатҳои фавқуллода шумораи телефонашро гузоштааст, то мардум дар сурати афтодан ба хатар ба мутахассисон занг зананд ва ба ин шумораҳо 112 ва ё ба қисми навбатдорӣ бо телефони 223 13 11

Дар шаҳри Душанбе: 225-44-73, 225-44-76, 225-44-90
Дар вилояти Хатлон: (83222) 2-35-05, 2-78-28
дар ВМКБ: (83522) 2-40-57, 2-53-47
Дар вилояти Суғд: (83422) 6-58-72, 5-15-5

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *