Усто имтиёз дорад? Суол ба руҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо
Устоям ва дар зери офтоби тафсон дар сохтмон кор мекунам. Рӯзаро дар фасли зимистон гирам, қабул мешавад?
ФАРРУХРӮЗ, сокини ноҳияи Айнӣ
Посух:
— Бародарони усто агар “ман дар зери офтоб кор мекунам” гуфта, рӯзаро хӯранд, дар назди Худованд гунаҳкор мешаванд, чунки дар шариат ин узр ҳисоб намешавад.
Дар ин моҳи муборак беҳтараш аз корҳои сохтмонӣ истироҳат намуда, рӯза доред ва ба хондани Қуръон машғул шавед, то савоб бигиред.
Як моҳ барои Худо кор кунед, албатта баракаташро дар ёздаҳ моҳи дигари коратон мебинед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ