Дар “Дуди сигор” дуди сигор набуд

Овозхони тоҷик Асоев Фатҳиддин, ки бо тахаллуси “Федя” машҳур аст, суруди навбатии худро бо номи “Дуди сигор” ҳамроҳи намоҳангаш нашр кард.

Дар намоҳанг нақшҳои асосиро худи сароянда ва блогери машҳури тоҷик Мадина Ҳалимова бозидаанд. Сужаи намоҳанг аз он иборат аст, ки духтар ба дасткӯтоҳии ҷавон сабр накарда, бо дигар ҷавонҳои пулдор робита барқарор мекунад, вале дар охир ҳамаи онҳо ӯро мепартоянду дар ширкате ҳамчун фаррош фаъолият мекунад.

“Дуди сигор”-ро дар чанд рӯзи нашраш ним миллион нафар бозбинӣ кардаанд ва одатан сурудҳои Фатҳиддинро мардум хеле зиёд гӯш мекунанд.

Суруди мазкур дар худ чунин мисраъҳо дорад:

Ин дуди сигор,

Ин дуди сигор,

Беҳолам карду афгор,

Амон, ё амон. Вале муаммо ё хатои таҳиягарон он аст, ки ба ҷуз нақарот дигар дар мазмуни суруд ва ҳам намоҳанг сигор дида намешавад. То нашри суруд як пораи он нашр шуда буд ва ҳаводорон инизор буданд, ки дар мавриди сигор мисраъҳо ҳастанд ва иловатан нақши сигор дар намоҳанг нишон дода мешавад, аммо ин тавр нашуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *