«Устод» — филми Давлат Худоназаров, ки солҳо мамнуъ буд
Филми ”Устод”-и режиссёри саршиноси тоҷик Давлат Худоназаров, ки ба рӯзгор ва эҷодиёти шоири маъруф Абулқосим Лоҳутӣ бахшида шудааст аз хазинаи “Тоҷикфилм” пайдо шуд ва дар шабакаи YouTube дастраси умум гардид.
Филми ҳуҷҷатии «Устод» сохтаи режиссёри маъруф Давлат Худоназаров буда, ба 100 солагии устод Лоҳутӣ бахшида шудааст. Дар ин филм бисёре аз бузургони миллат аз ҷумла, Сотим Улуғзода, Боқӣ Раҳимзода, Нерсес Нерсесян, Азиз Ниалло, Иосиф Брагинский, Раҳим Ҳошим, Мирсаид Миршакар, Шарифҷон Ҳусейнзода, Холиқ Мирзозода, Гулчеҳра Сулаймонӣ, Одина Ҳошим, ҳамсару фарзандони устод аз рӯзгори эшон хотираҳои хешро нақл мекунанд.
Ин филм бисёр ҷолиб буда, аз машаққати устод Лоҳутӣ қисса мекунад ва соли 1988 рӯи навор омадааст. Дар гузашта бо сабабҳои баъзе аз хусусиятҳои сиёсӣ доштанаш тамошои ин филм мамнуъ буд. Соле пеш ин филм бо кӯшиши зиёди Саид Ризо ва Абдурофе Рабиев аз хазинаи “Тоҷикфилм” пайдо гардида манзури тамошобинон гардид.
Пайдо шудани ин филм дар ҳолест, ки чанд сол аст киношинос Тиллои Некқадам аз нишон надодани “Устод” дар шабакаҳои телевизионҳои Тоҷикистон изҳори нигаронӣ карда, мақолҳо ҳам нашр карда буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ