Бозгашти дубораи опера ба Туркманистон

Дар Туркманистон баъди 19 соли танаффус опера — эҷоди оҳангсози итолиёӣ Руҷеро Леонкавалло «Масхарабозон» дубора рӯи саҳна омад.

Опера ва балетро дар замони раҳбарии президенти пешини он кишвар Сафармурод Ниёзов мамнуъ эълом карда буданд. Ниёзов бар ин назар буд, ки ин навъи санъат «бо фарҳанги туркманӣ созгор нест».

Намоиши охир дар доираи барномаи табодули фарҳангӣ байни Итолиё ва Туркманистон рӯи саҳна омад. Дар ин намоишнома ҳунармандони Туркманистон, аз ҷумла Амангелдӣ Аманов нақш офариданд. Амонов бори охир соли 2001 нақш бозида буд.

Сафармурод Ниёзов ҳам дар соли 2001 ин навъи санъатро дар кишвараш мамнуъ эълом кард.

Ҳомиёни ҳуқуқ Туркманистонро ба гуруҳи режимҳои пӯшидатарин нисбат медиҳанд. Ҳукумати он кишвар талош дорад, ки тамоми ҷанбаҳои ҳаёти шаҳрвандонро зери назорат гирад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *