Устопириён боз қаҳрамон шуд
Паҳлавони тоҷик Комроншоҳи Устопириён дар даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳонии дзюдо «Анталия Гран При 2018” бар қаҳрамони ҷаҳон Неманҷа Маҷдов аз Сербистон пирӯз омад ва соҳиби ҷои аввал дар ин мусобиқаи мӯътабар шуд.
Комроншоҳи Устопириён соли 2017 шоҳҷоизаи «Анталия Гран При 2017”-ро ба даст оварда буд.
Комроншоҳи Устопириён, паҳлавони маъруфи тоҷик дастоварди соли гузаштааш такрор кард ва имсол низ дар Ҷоми ҷаҳонии гуштини дзюдо «Анталия Гран При 2018” вазни 90 кило сазовори ҷои аввал шуд. Комроншоҳ шоми 8 апрел дар рақобати ниҳоӣ бо қаҳрамони ҷаҳон дар гуштини дзюдо Неманҷа Маҷдов аз Сербистон пирӯзӣ ба даст овард. .
Ба ин тартиб Комроншоҳи Устопириён, ки «Анталия Гран При 2017” соҳиби мақоми аввал шуда буд, натиҷаи соли гузаштаашро такрор карда, боз як Шоҳҷоизаи мусобиқоти Анталияро ба сандуқи пирӯзиҳояш дар мусобиқоти мӯътабари байналмилалии гуштини дзюдо илова кард.
Комроншоҳи Устопириён аз даври аввали мусобиқоти Анталия озод буд, вале дар се даври дигар тавонист паҳлавонҳо Самули Виитанен аз Финландия, Колтон Браун аз Амрико ва Маммадали Меҳдиев аз Озарбойҷонро шикаст диҳад ва роҳии даври ниҳоӣ шавад. Дар даври ниҳоӣ низ паҳлавони тоҷик кам наомад ва қаҳрамони ҷаҳон Неманҷа Маҷдов аз Сербистонро шикаст дод.
Паҳлавонҳои дигари тоҷик дар «Анталия Гран При 2018” сазовори медал нашуданд. Беҳрӯз Хоҷаев дар Ҷоми «Анталия Гран При 2018” рӯзи 7 апрел ҳунарнамоӣ дошт. Мутаассифона, Беҳрӯз Хоҷаев, ки дар Сочи унвони қаҳрамони гуштини самбои ҷаҳонро ба даст оварда буд, дар Анталия дар даври сеюм мағлуб гашт ва аз медал маҳрум монд.
Саидҷалол Саидов низ бо ду пирӯзӣ ва ду ширкаст дар Анталия бемедал монд.
Дар ин мусобиқа ба намояндагӣ аз Тоҷикистон ҳамчунин Акмал Муродов, Наврӯз Каримзод ва Ҷаҳонгир Маҷидов ширкат карданд, вале онҳо низ ягон медал ба даст наоварданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ