2 шутур, 2 асп, 2 гов, 7 миллион сӯм ва 1 гилем мукофоти “Алмаз” дар Ӯзбекистон

7-уми апрел дар як мусобиқаи калони бузкашӣ дар ҷумҳурии Ӯзбекистон, аспи Шарифзода Муҳамадзариф Раҳмон (Соҳибов), мудири Директори Корхонаи махсус (қазонӣ)-и давлатии ҷумҳуриявии «Тиллои Тоҷик»  соҳиби шоҳҷоиза гардидааст.

Мусобиқаи байналхалқии бузкашӣ дар ноҳияи Ҷомбойи вилояти Самарқанди ҷумҳурии Ӯзбекистон бо ширкати човандозону паҳлавонони давлатҳои Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Ӯзбакистон доир гардида, дар он зиёда аз 1600 човандоз ширкат доштанд. Бино ба маълумоти як намояндаи федератсияи пойга ва бузкашии мамлакат, Тоҷикистонро дар ин мусобиқа беш аз 160 аспу човандоз намояндагӣ карданд. Аспи раиси корхонаи «Тиллои тоҷик” ва яке аз намояндагони оилаи Соҳибовҳо Зариф Соҳибов бо лақаби «Алмаз” дар ин мусобиқа соҳиби шоҳҷоиза: 2 шутур, 2 асп, 2 гов, 7 миллион сӯми ӯзбекӣ ва 1 гилем гардидааст. Моҳи декабри соли 2017 дар як мусобиқаи бузкашӣ дар Панҷакент, аспи Исмоил Соҳибов бо номи «Геракл», намояндаи дигари оилаи Соҳибовҳо ва аспи Фатҳулло Соҳибов бо лақаби «Номуси Хатлон”соҳиби ҷоиза ва мукофотҳои зиёд гардида буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *