Ҷузъиёти кушторҳои пурсарусадои сол дар «Сипар» (Видео)

«Соатҳои 7 аз ягон се километр дурӣ ба рақамҳои телефоне, ки ба маводи тарканда пайваст карда будам, занг задам. Занг задам, ки кафид. Ниятам кафондани мошин буд. Агар маводи тарканда мечаспид дар танаи мошин ниятам куштани одамаш мешуд.”

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар арафаи Рӯзи милиса, ки 10 ноябр таҷлил мешавад, нашри навбатии ҳафтаномаи «Сипар” дар телевизиони давлатиро пурра ба дастовардҳои кормандони милиса дар соли 2017 бахшид.

Дар як филми мустанади 35-дақиқаӣ дар ин барнома вазорати дохила ҷузъиёти чанд парвандаи пурсарусадои имсолу солҳои гузаштаро ошкор кард.

Дар видео аз ҷумла Шарифҷони Зокир, сокини деҳаи Зарбдор чигуна бо амри ДОИШ мошинҳои милисаро тарконданаш дар шаҳир Қӯрғонтеппаро нақл мекунад.

Шарифҷони Зокири 20-сола, ки рӯзи 28 сентябр барои нақшаш дар таркишҳои Қӯрғонтеппа ба ҳабси умрбод маҳкум шуд, дар ин филми мустанади вазорати дохила аз ҷумла мегӯяд: «Касоне ки «Давлати исломӣ” мераванд, видеоҳои ҳамонҳоро дар «Одноклассники” дидам. Яке аз модераторҳояш Хаттаб ном дошт. Як шаб Хаттаб даромад, эълон кард, ки кадоме ки бағайрат аст, кор карданӣ аст дар дин, бидарояд дар личкаи ман, гап занем. Баъдан ман даромадам. Гуфт, аз куҷоӣ? Гуфтам, аз Қӯрғонтеппа. Баъд гуфт, онҷо бошӣ, бигир, як байрақи «Давлати исломӣ” соз куну дар ягон ҷо сурат бигир. Ман байрақро соз кардам ва рафта, дар пеши 70-солагӣ, ягон 100-200 метр аз ҳукумат дур, ки аз он ҷо бинои ҳукумат метофт, сурат гирифтем.

Баъди он, тахминан 8 январ буд, шаб, соати чор, мошини милиса буд, сирена дошт, дар тагаш маводи таркандаро мондам. Вале магнит нақапид ва мавод начаспид дар танаи мошин. Барои ҳамон ниятам фақат таркондани мошин буд ва ҳам дидан, ки метаркад ҳамин чизе ки якум бор истифода мебурдам. Баъдан соатҳои 7 аз ягон се километр дурӣ ба рақамҳои телефоне, ки ба маводи тарканда пайваст карда будам, занг задам. Занг задам, ки кафид. Ниятам кафондани мошин буд. Агар маводи тарканда мечаспид дар танаи мошин ниятам куштани одамаш мешуд.”

Рӯзи 12 март дар натиҷаи як чунин «бозӣ”-и Шарифҷони Зокир бо маводи тарканда сокини 67-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа Ҳасанбой Раҳмонов кушта шуд.

Шарифҷони Зокир мегӯяд: «Ду ратсияро пайваст кардам бо ҳам дар як канал. Ҳамин вақт як кас мегузашт ва ман ратсияро зер кардам, ки таркид. Баъд дар Интернет хондам, ки дар ин таркиш як нафар кушта шудааст.”

Шарифҷони Зокир дар ин филми мустанад ҳамчунин қисса мекунад, ки чигуна сокини ноҳияи Бохтар Қурбонназаровро барои ба бачабозӣ майл доштанаш куштааст.

ҲАБСИ АБАДИ ШАРИФҶОН БАРОИ ТАРКИШИ ҚӮРҒОНТЕППА

Дар ин филми мустанад ҳамчунин боздошти Неъматулло Назиров, як узви гурӯҳи саркаши Мулло Абдулло, Некрӯз Ниятбеков, як корманди ҳукумати шаҳри Хоруғ, ки ба қатли писар ва хушдомани бародараш айбдор мешавад, куштори ду зан бо дасти шавҳаронашон дар Ваҳдату Ёвон ва ҳам кушода шудани изи кушторҳои пурсарусадои солҳои ҷанги шаҳрвандӣ низ аз ҷумлаи комёбиҳои милисаи тоҷик дар соли 2017 унвон мешаванд.

Тағоймурод Ашрапов, як размандаи собиқи мухолифин дар ин филми мустанад мегӯяд, ки вакили парлумон Сафаралӣ Кенҷаевро дар соли 1998 онҳо бо супориши Абдуҳалим Назарзода, маъруф ба Ҳоҷӣ Ҳалим куштанд ва барои қатли Кенҷаев ва ронандаву ду муҳофизи вай аз Ҳоҷӣ Ҳалим дуҳазордолларӣ инъом ҳам гирифтанд. 

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *