Фирдавсиро модараш меҷӯяд

Чуноне сомонаи Ахбор менависад, Салтанат Мирзоева, як модари тоҷик дар ҷустуҷӯи писари 23-солааш Фирдавсӣ Сатторов аз ҳамватанон дар Русия кумак мехоҳад. Фирдавсӣ Сатторов, ки дар шаҳри Краснодар кору зиндагӣ мекард ва шаҳрвандии Русияро дошт, аз рӯзи 31 октябр бедарак шудааст. Ӯро афроди либоси мулкӣ дар тан аз нақлиёти ҷамъиятӣ фаровардаанд, вале то имрӯз аз ягон шӯъбаи пулиси Краснодар аз Фирдавсӣ дараке пайдо накардаанд.

Салтанат Мирзоева, модари Фирдавсӣ рӯзи 9 ноябр ба сомонаи «Ахбор” гуфт, ки рӯзи 8 ноябр ба ҷустуҷӯи писараш аз шаҳри Омск ба Краснодар омадааст, вале то ҳол нишоне аз вай пайдо накардааст: «На аз зиндааш дараке ҳасту на аз мурдааш. Ҳамон рӯз маслиҳат кардем, ки ба Омск меояд ва хоҳари маризашро гирифта, Тоҷикистон меравем. Шарикаш гуфт, ки ҳамроҳ билетхарӣ мерафтанд, ки се нафари либоси мулкӣ дар тан Фирдавсиро аз нақлиёт фароварданд. Кӣ буданд, маълум нест. Ман дина ба Краснодар омадам ва тамоми шӯъбаҳои пулисро гаштам. Дар ягон ҷо нест.”

Салтанат Мирзоева мегӯяд, Фирдавсӣ дар Краснодар такси мезад, вале тобистон ду зодаи дигари Тоҷикистон мошини ӯро рабуданд ва пиёда монд. Модар хафв дорад, ки мошинрабоён пои писарашро ба кадом моҷарое накашанд. Вале, меафзояд Салтанат Мирзоева, феълан дар ягон шӯъбаи пулиси Краснодар дар бораи ҳатто дастгир шудани Фирдавсӣ маълумот надоранд.

Фирдавсӣ Сатторов 5 августи соли 1994 дар ноҳияи Кофарниҳон (ҳоло – Ваҳдат) ба дунё омадааст. Ӯ дар Русия ба воя расида, шаҳрвандиии Русияро дорад.

Фирдавсӣ Сатторов бародари Нилуфар Сатторова, як духтари тоҷик аст, ки дар шаҳри Омск зери чархи мошин саломатиашро аз даст дод ва 7 моҳ боз бистарист. Сомонаи «Ахбор” дар бораи сарнавишти ин духтар қаблан гузориш дода буд. Салтанат Мирзоева мегӯяд, духтарашро ба як зани ошнояш вобаста карда, ба суроғи писараш ба Краснодар омадаааст.

ГИРДОБИ ЗИНДАГИИ ЯК МОДАРУ ДУХТАРИ ТОҶИК ДАР РУСИЯ

Аз ҳамватанон хоҳиш мекунем, ки агар иттилое дар бораи куҷо будани Фирдавсӣ дошта бошед, бо ин шумора бо модараш Салтанат Мирзоева тамос бигиред:

89514071424

Viber: +79514071424

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *