Ҳузури ҳудуди 500 қирғизистонӣ дар урдугоҳҳои Сурия

Мирлан Тургунбоев, муовини раиси Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон гуфт, дар урдугоҳҳои Сурия наздики 500 қирғизистонӣ нигаҳдорӣ мешавад.

Ба гуфтаи вай, музокираҳо барои баргардонии занону кӯдакон аз урдугоҳҳо ба Қирғизистон идома доранд.

«Корҳои шиносоии шахсияти шаҳрвандони мазкур идома доранд. Бештар аз 500 қирғизистонӣ дар урдугоҳҳо ва зиндонҳо нигаҳдорӣ мешаванд. Талошҳо барои баргардонии онҳо давом дорад», — гуфт Тургунбоев.

Пештар аз ин хабар расида буд, ки дар Қирғизистон бо роҳбарии ноиб-сарвазир Жениш Раззоқов гуруҳи корие барои баргардонии қирғизистониҳо аз Сурияву Ироқ таъсис шудааст. Гуфта мешавад, дар минтақаҳои ҷангии Ироқ 78 кӯдаки шаҳрвандони Қирғизистон қарор дорад, ки модаронашон дар зиндон ҳастанд.

Ба иттилои расмӣ, дар солҳои 2013-2014 наздики 800 қирғизистонӣ ба сафи ҷангҷӯёни Сурияву Ироқ пайвастаанд. Аз ин шумор 150 танашон зан буданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *