Вақте зан шавҳарро писанд намекунад…

42 сол боз оиладор ва соҳиби 4 фарзанд ҳастам. Худам нафақахӯр шудам, занам бошад, мағозаи шахсии худро дорад. Ҳамсарам тез-тез бо ман ҷанг карда, маро паст мезанад ва гадою ноуҳдабаро меномад. Мехоҳам назари дини мубини исломро дар мавриди заноне, ки шавҳарҳояшонро ҳурмат намекунанд, бидонам.

Саидраҳим МАДУМАРОВ, шаҳри Душанбе

Посух:

Аз нигоҳи дини мубини ислом вақте мард ҳамсар интихоб мекунад, тамоми хурду хӯроку пӯшоки занаш бар гарданаш фарз аст. Бояд ӯро таъмин намояд. Дар навбати худ зан вазифадор аст, ки ҳурмату эҳтироми шавҳарашро ба ҷо биёрад. Рафту зан ба шавҳар итоат накунад, бояд хешу таборони марду зан ин масъаларо дар якҷоягӣ баррасӣ намуда, ба як хулосаи аниқ биёянд. Дар сурати аз мард бештар маблағ кор кардан низ зан ҳуқуқ надорад ба шавҳараш беэҳтиромӣ кунад. Беэҳтиромӣ ба шавҳар дар назди шариати Ислом ҷурми бузурге аст. Мо аз шумо хоҳиш мекунем, ки бо ҳамсаратон ба назди имомхатиби маҳалла ва беҳтар аст ба Маркази исломӣ муроҷиат намоед, то ки чӣ ҳад нозук будани ин масъаларо дақиқтар бифаҳмед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *