Ваҳдат аввалин шаҳрест, ки нақшаи даъватро иҷро кард (аксҳо)

Шаҳри Ваҳдат дар байни тамоми минтақаҳои Тоҷикистон аввалин  шуда нақшаи даъвати наваскаронро ба қисмҳои низомии кишвар иҷро  кард.

Имрӯз, 1-уми октябр ба муносибати даъвати наваскарон дар қисми низомии 16772-и  шаҳри Ваҳдат чорабинии идона баргузор гардид. Дар он раиси шаҳри Ваҳдат  Раҳмоналӣ Амирзода, масъулини қисмҳои низомӣ ва волидайни наваскарон иштирок намуданд.

Раиси шаҳри Ваҳдат Раҳмоналӣ Амирзода  даъватшудагонро ба хизмати ҳарбӣ шодбош гуфта, нақши ҷавононро дар ҳифзи марзу буми Ватан муҳим арзёбӣ кард.

“Ҷавонон, умеди имрӯзу фардои дурахшони миллату давлат ҳастанд. Онҳоро  мебояд зирракиву ҳушёриро ҷиҳати муҳофизати кишвари азизи худ аз даст надиҳанд”,- афзуд Амирзода.

Сипас,  Гулбар Шукурова, модари наваскар Муҳаммадраҳим Гулзода сухан карда, иброз дошт, ки  фарзандаш ихтиёрӣ ба хизмати ҳарбӣ рафта истодааст. Ӯ гуфт: “Дар сафи Артиши миллӣ хизмат кардани фарзандони мо ҳам қарз ва ҳам фарз аст. Бинобар ин, мо бояд  ба хизмат рафтани фарзандонамон ғамгин нашавем. Бапъакс, бояд хурсандиямон ҳадду канор надошта бошад”.

Дар охири чорабинӣ бори дигар волидон бо фарзандони худ дидорбинӣ карданд ва онҳро барои ду сол барои муҳофизати  халқу Ватан  гусел намуданд.  Тавре ки мушоҳида гардид, дар байни наваскарон нафароне низ буданд, оиладор ҳастанд ё муассисаи олиро хатм намудаанд.

Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон соле ду маротиба маъракаи даъват ба хизмати ҳарбӣ сурат мегирад  ва шаҳри Ваҳдат  соли 4-ум аст, ки нақшаро дар рӯзи аввал иҷро мекунад.

Гузориши видеоӣ ба зудӣ ҳамин ҷо гузошта мешавад

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *