Одина Ҳошим соҳиби филармония шуд

Президенти  Тоҷикистон зимни сафари кориаш ба ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ аз филармонияи мардумии ба номи Одина Ҳошим, ки тоза таъмиру навсозӣ шудааст, дидан кард.

Дафтари матбуотии Президент иттилоъ медиҳад, ки ин муассисаи фарҳангӣ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ бо саҳми соҳибкорони ватанӣ ва шахсони саховатпеша таъмиру навсозӣ шудааст.

“Бо мақсади арҷгузорӣ ба хидматҳои арзишманди Ҳофизи халқии Тоҷикистон, шодравон Одина Ҳошим дар рушду нумуи санъату фарҳанги миллӣ ва эҳтирому қадршиносӣ аз ин шахсияти шинохта бо дастури Эмомалӣ Раҳмон филармонияи мардумӣ ба номи ӯ гузошта шуд”,-қайд кардааст ин манбаъ.

Иттилоъ дода шудааст, ки дар як гӯшаи бинои филармония осорхона таъсис ёфта, дар он маҳсули офаридаҳои ҳунарманди зиндаёд Одина Ҳошим, созҳои мусиқӣ, аксҳо аз сафарҳои ҳунарӣ ва либосҳои ӯ ҷамъоварӣ ва ба намоиш гузошта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *