Ваҳдатсаро будан кам аст…
Солҳо пеш дар яке аз навиштаҳои адиби шинохта Абдуқодири Рустам тақрибан ба ин маънӣ хонда будам: миллате, ки беш аз ҳад ба гузаштаи худ ифтихор мекунад, он ҳам дар сухан, он миллат пир шудааст…
Дақиқ гуфта наметавонам, ки сухани худашон буд, ё иқтибос. Аммо, «бингар чӣ мегӯяд».
Мо ба гузаштаи худ ифтихор мекунем, шеъру достонҳо дар ситоиши ниёкон беҳисобанд. Он қадар Орашу Сомонию Ориёиву Коваю Рустаму… гуфтем, ки ин арзишҳои барои мо муқаддас, то ҳадде камранг шудаанд. Дар бораи ваҳдату ҳамвандию ватанпарастиву… мегӯему шиор медиҳем. Оё ба гуфтаҳои худ амал кардаем?
Манзурам, имрӯз баҳсҳое дар бораи ислому арабу зардушт… мекунем. Масъалаҳои аз инҳо муҳимтар дар масири таолии Ватан ва миллат қарор доранд, ки бояд ба онҳо расидагӣ шавад. Бояд ба шиорбозию худфиребӣ хотима диҳем. Аз худ суол кунем, ба он чӣ дар минбарҳо мегӯем, то чӣ ҳад худамон эътимод дорем? Чунончи дар ин замина, ҳамхонии гуфтор ва рафтор бознигарӣ накунем, фардои созандае нахоҳем дошт.
Ваҳдатсаро будан кам аст, ваҳдатгаро бояд шудан,
Дар маслаки ҳамбоварӣ, беиддао бояд шудан.
Ҷуғрофиёи нафсро бояд дами инсоф дод,
Аз ин мараз бо майли дил боре ҷудо бояд шудан.
Ҳарфу шиори якнаво пур карда гўшу ҳушро,
Бо кори худ оинаи он гуфтаҳо бояд шудан.
То «мо» нагӯем ваҳдате асло намеояд ба даст,
Пас, дар раҳи ҳамбастагӣ аз «ман» раҳо бояд шудан.
Бо чашми дил бар худ нигар, то ҳасти ту ҳастӣ шавад,
То хешро пайдо кунӣ, дар худ фано бояд шудан.
«Инҷоӣ», «онҷоӣ» нагӯ, марди Худо, оқил бишав,
Дар роҳи поки якдилӣ беинзиво бояд шудан.
Дар батни баҳри зиндагӣ, аз баҳри фардои Ватан,
Ҳам бо Худо бояд будан, ҳам нохудо бояд шудан.
Аъзам ХУҶАСТА, адиб
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ