Ваҳдат: 36-нафар омӯзгор аъзои ҲХДТ шуданд
Дар шаҳри Ваҳдат 36 нафар омӯзгорони Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ба сафи аъзои ҲХДТ шомил гардида, соҳиби шаҳодатнома шуданд.
Мудири кафедраи забонҳои Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат Шаҳноза Қодирова иброз намуд, ки «ҳамон ҳизбе ба ҳадафҳои худ ноил мешавад, ки агар он воқеан ҳам амаликунандаи орзуву омоли халқи худ буда, барномаи амалаш ба корҳои созандагию рушди кишвар нигаронида шуда бошад. Зикр шуд, ки шароити кунунии ҷаҳонӣ зуд тайғирёбанда буда, ба ҷавонон талқин намудани эҳсоси худшиносии милливу ғурури ватандорӣ, омўхтани таҳаммулгароӣ, инсондӯстӣ, арзишҳои башарию эҳтироми фарҳанги миллӣ хеле муҳим аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ