Суғд: Тозакунии биноҳо аз вирусҳои барангезанда (видео)

Масъулини Маркази санитарию эпидемологӣ дар вилояти Суғд беш аз 4 ҳазор биноҳоро аз вирусҳои барангезанда тоза карданд. Ба гуфтаи онҳо ба биноҳои муассисаҳои тандурустӣ 15 тонна ва ба дигар биноҳо аз ҷумла биноҳои боғча, мактаб ва хонаҳои истиқоматӣ  26-тонна маводи безарарагардони аз вирус, аз ҷумла хокаи хлор ва гипохлорид ва  калсий пошидаанд.

Ҳадаф аз андешидани ин тадбир пеш аз ҳама нобуд кардани вирусҳои сирояткунанда ва пешгирии бемориҳои сироятӣ мебошад. Ба гуфтаи кормандони Маркази санитарию эпидемологӣ айни замон дар минтақа вируси зардпарвини намуди “А” дар ҳоли хурӯҷ буда, ба ин беморӣ асосан кӯдакони синни 3 сола боло бештар гирифтор шуда истодаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *