Ваҳмак талабаи мактабро кушт?

Дар деҳаи Муҷуни ҷамоати деҳоти Муҷуни ноҳияи Деваштичи вилояти Суғд як ноболиғ, ки ҳамагӣ 11 сол дошт, худро тариқи доркашӣ ба ҳалокат расондааст. Аз ин ноболиғ Ҷӯраев Эмомалӣ, соли таваллудаш 2007, ном бурда мешавад. Ӯ хонандаи синфи 5 МТМУ №4-и деҳаи Муҷун будааст.Ҳодиса рӯзи 25-декабр соати 18:00 дақиқа дар анбори хонаи истиқоматии волидони марҳум рух додааст.

Ба гуфти ҳамдеҳагон, ин писарбача чанде пеш тарсида, баъди тарсидан гирифтори бемории ваҳмак гардидааст. Баъди ба бемории ваҳмак дучор гаштан ҳисси тарси Эмомалӣ зиёд шуда, ахиран даст ба худкушӣ задааст. Бемории ваҳмакро сокинони деҳа беморие медонанд, ки дили инсонро ба васвасаи шайтон гирифтор мекунад ва ҳар гуна фикру хаёли тарснокро дар майнаи инсон чарх мезанад.Ҳодисаи худкушии Эмомалӣ Ҷӯраевро РВКД дар вилояти Суғд тасдиқ мекунад. Дар гузориши ин ниҳод низ ба бемории ваҳмак гирифтор будани Ҷӯраев Эмомалӣ таъйид шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *