Ваҳшоният андоза дорад?

Дар шаҳри Карочии Покистон бо қарори ҷирга (шӯро)-и як қабилаи пашту як ҷуфти ноболиғро бо нирӯи барқ куштаанд.

Бахтҷони 15-сола ва Раҳмони 17-сола мехостанд аз хона гурехта, издивоҷ кунанд, вале онҳоро дар чорчӯби одати қабилавии кушторҳои номусӣ ба қатл расонданд.

Пулиси шаҳри Карочӣ мегӯяд, аҳли хонаводаҳояшон бо қарори ҷирга(шӯрои қабила) Бахтҷони 15-сола ва ҷавони дӯстдоштааш Раҳмони 17-соларо дар чорпоя (як навъи кат) баста, ба бадани онҳо нирӯи барқ сар додаанд. Гуноҳи онҳо танҳо ин буда, ки ба якдигар дил бастаанд ва мехостанд аз хона гурехта, бо ҳам издивоҷ кунанд. Вале хешовандон аз қасди онҳо огоҳ шуда, Бахтҷон ва Раҳмонро аз роҳи фирор гардондаанд ва ҳалли масъаларо ба дасти ҷирга супурдаанд.

Ҷирга, ки афроди солманд ва бонуфузи ин қабиларо муттаҳид мекунад, бо ин натиҷа ки амали Бахтҷон ва Раҳмон обрӯи қабиларо доғдор кард, қарор баровардааст, ки ҳарду наврас бояд бо ҳукми куштори номусӣ бо дасти хешовандони худи онҳо кушта шаванд.

Амон Марват, афсари пулис, ки ин қазияро таҳқиқ дорад, мегӯяд, ин ҳодиса моҳи август рух дода, дар рӯзи аввал Бахтҷонро ва рӯзе баъд Раҳмонро ба ин сурати ваҳшиёна ба қатл расондаанд. Баъди рӯ задани ин ҳодиса ҷасади ҳардуро аз қабр берун кашида, ба дасти ташхис супурдаанд.

Бо иттиҳоми даст доштан дар ин куштори номусӣ чанд тан аз хешовандони ин ду ноболиғи ҷавонмарг дастгир шуда ва Амон Марват мегӯяд, ки падарон ва ду амаки Бахтҷон ва Раҳмон ва ҳамин тавр, 30 узви ҷиргаи ин қабилаи пашту, ки пинҳон шудаанд, таҳти ҷустуҷӯ қарор доранд.

Фаъолон ва шореҳони покистонӣ мегӯянд, қатли ин ду ноболиғ то чӣ андоза дар рӯзгори мардум нуфузи фавқулодда додани шӯрои қабоил ва то кунун назар ба қонунҳои давлат бартарӣ доштани одатҳои ваҳшиёнаи қабилавӣ дар Покистонро ба намоиш мегузорад.

Зиё-ур-Раҳмон, хабарнигори покистонӣ, ки аввалин шуда қатли ин ду наврасро расонаӣ кард, ба нашрияи бритониёии «Индепендент” гуфт, баъди ошкор шудани ишқи Бахтҷону Раҳмон хонаводаҳои ҳардуи онҳо ба издивоҷашон розӣ шудаанд, вале раҳбарони қабила монеи ин кор шудаанд: «Онҳо ҳушдор додаанд, ки агар ин ду хонавода бар асоси он одати ваҳшиёнаи қабилавӣ амал накунанд, дар байни қабила радди маърака хоҳанд шуд.”

Мумтоз Аҳмад Тарор, вазири ҳуқуқи инсони Покистон куштори номусии Бахтҷон ва Раҳмонро маҳкум кард. Комиссияи мустақили ҳуқуқи башари Покистон гуфт, то ҳол ҳар сол дар ин кишвар садҳо нафар қурбони қатлҳои номусӣ мешаванд. Бино ба охирин омори нашркардаи ин ниҳод, дар соли 2014 дар Покистон 847 нафар – ҳама занону духтарон – бар асоси одати қатли номусӣ кушта шуданд. Аксари чунин маҳкумшудаҳоро бо силоҳи оташфишон, бо корд ва ҳатто бо табар худи наздикони онҳо мекушанд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, дар аксари мавридҳо нақши қотилро падарон, бародарон ваё шавҳарони ин занони маҳкум иҷро кардаанд.

Дар моҳи январи соли ҷорӣ як зан барои қатли номусии духтари 18-солааш ба эъдом маҳкум шуд. Гуноҳи духтар ин буда, ки бар хилофи хости хонавода мехост аз наздиконаш бурида, ба ҷавони дӯстдоштааш издивоҷ кунад.

Як сол пеш блогер ва модели маъруфи покистон Қандил Балуҷро бародараш дар кати хобаш буғӣ карда кушт. Ба ақидаи аҳли хонавода, Қандил Балуҷ бо нашри аксҳои, аз нигоҳи ҷомиаи муҳофизакори Покистон, урён обрӯи авлоди онҳоро доғдор кардааст.

Ба қатли номусӣ аз сӯи шӯрои қабоил асосан занону духтарон бо иттиҳоми доғдор кардани обрӯи хонавода ва қабила маҳкум карда мешаванд. Ҳомиёни ҳуқуқ ин одати ваҳшиёнаи бозмонда аз асрҳои қадимро маҳкум мекунанд.

Соли 2016 дар Покистон, дар пайи қатли Қандил Балуҷ бо дасти бародараш қонуне қабул шуд, ки муҷозоти шадидеро барои анҷоми чунин қатлҳои номусӣ пешбинӣ мекунад.

То он дам дар сурати аз гуноҳи қотил гузаштани хонаводаи ҷабрдида ӯ метавонист аз ҷавобгарӣ озод шавад. Вале азбаски ин қатлҳои номусӣ бо ризоияти худи аъзои хонавода сурат мегирифт, маълум буд, ки онҳо қотилро мебахшиданд ва вай аз муҷозот халос мехӯрд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *