Обрӯи вомбаргоҳои Роғун хеле баланд аст

Бонки Миллии Тоҷикистон аз “фурӯши бомуваффақияти коғазҳои қимматноки давлатӣ” дар ҳаҷми 500 миллион доллар дар хориҷ аз кишвар хабар дод.

Манобеи Бонки Миллӣ рӯзи 17-уми сентябр гуфтанд, ки 38 дарсади вомбаргҳои давлатии Тоҷикистонро сармоягузорони Амрико, 24 дарсад сармоядорони Бритониё ва 35 дарсади дигарро аз давлатҳои Иттиҳоди Аврупо харидорӣ карданд. Танҳо қисмати ками он – 3 дарсадро сармоягузорони кишварҳои Осиё гирифтаанд.

Ба таъкиди Бонки Миллӣ дар ҷараёни маъракаи “роуд-шоу” ваё муаррифӣ 500 миллион доллар вомбаргҳои Тоҷикистон ба фурӯш рафтанд. Баҳра ва ё купони даромаднокии ин вомбаргҳо 7,125 дарсад дар як сол аст. Ҳарчанд дар оғоз Тоҷикистон ба харидорони вомбаргҳояш баҳра ва фоизи 8-дарсадӣ ваъда дода буд, аммо бинобар зиёд шудани талабот ба вомбаргҳо, ки ба 4,5 миллиард доллар расид, баҳраи купони даромаднокии он то 7,125 дарсад поин омад.Маъракаи муаррифӣ ва фурӯши вомбаргҳои Тоҷикистон аз 28-уми август то 8-уми сентябр дар чаҳор шаҳри дунё – Лондон, Сюрих, Ню-Йорк ва Бостон сурат гирифт. Дар чанд акси Бонки Миллӣ аз ҷараёни “роуд-шоу” Ҷамолиддин Нуралиев, муовини раиси бонк дида мешавад, ки ба сармоягузорон вомбаргҳоро муаррифӣ мекунад. Ба қавли манобеи Бонки Миллӣ, гурӯҳи кории Тоҷикистон бо беш аз 300 намояндаи ширкатҳои бонуфузи сармоягузорӣ, аз ҷумла Голдман Сакс, Блэк Рок, Пимко, Морган Стенлий, Фиделити, Веллингтон Менеджмент Груп ва Ҷ.П. Морган гуфтушунид анҷом додааст.Давлати Тоҷикистон барои сармоягузории муҳимтарин тарҳаш – нерӯгоҳи Роғун тасмим гирифт, ки 1 миллиард доллар коғазҳои қимматнок ва ё вомбаргҳои давлатӣ нашр кунад. Дар даври нахустин 500 миллион доллари ин вомбаргҳо ба бозорҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш гузошта мешавад. Порлумони Тоҷикистон рӯзи 21-уми июл ба нашри ин коғазҳои қимматнок раъйи мусбат дод.​Ҷамшед Нурмуҳаммадиён, муовини вазири молияи Тоҷикистон, ҳангоми муаррифии қарори ҳукумати Тоҷикистон “Дар бораи ба муомилот баровардани коғазҳои қиматноки давлатӣ дар бозорҳои байналмилалии молиявӣ”, дар иҷлосияи порлумон гуфт, нашри коғазҳои қиматноки давлатӣ таҷрибаи нахустини кишвар ба шумор меравад. Ба гуфтаи ӯ, ҳадаф аз ин иқдоми давлати Тоҷикистон, ҷалби сармоя тавассути бозорҳои байналмилалии молиявӣ барои бунёди нерӯгоҳи Роғун аст.Вомбаргҳои давлатӣ як намуди коғазҳои қиматноке ҳаст, ки бо кафолати давлат ва ба муҳлати муайян ба фурӯш гузошта мешавад. Вомбаргҳо баҳраи муайяншуда низ доранд ва бо анҷоми муҳлат давлат вазифадор аст, маблағи вомбаргҳоро бо баҳрааш ба харидорон бозпас диҳад.Барои бунёди нерӯгоҳи Роғун тақрибан 4 миллиард доллари амрикоӣ зарур аст. Бино ба иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, аз тариқи фурӯши саҳмияҳои ин нерӯгоҳ ба мардум беш аз 80 миллион доллар ба даст омада ва ҳамчунин, барои идомаи корҳои сохтмонӣ дар ин тарҳ, дар соли ҷорӣ аз буҷети Тоҷикистон ҳудуди 2 миллиард сомонӣ ҷудо шудааст.Ҳукумати Тоҷикистон барои идомаи сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун 1 июли соли 2016 бо ширкати итолиёии «Салини Импреҷило С.п.А.» (Salini Impregilo SpA) созишнома имзо кард. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, маблағи умумии ин созишнома 3,9 миллиард долларро ташкил медиҳад. Танҳо маблағи сохтмони садди асосии нерӯгоҳ ба 1 милларду 950 миллион доллар ҳисоб шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *