Екатеринбург: Сӯхтор ва марг оқибати ҷанҷоли хонаводагии тоҷикон

Рӯзи 18 сентябр дар Екатеринбург ҳукми як шаҳрванди Тоҷҷикистонро барои як ҷинояти мудҳиш эълон мекунанд. М.М.Камолхоҷаев баъди муноқиша бо ҷиянаш хонаи ӯро, ки дар дарунаш 5 нафар буд, бензин рехта, оташ задааст. Дар натиҷа, як зани 50-сола дар он сӯхтор ҳалок шуд.

Додгоҳи вилояти Свердловски Русия рӯзи душанбе, 18 сентябр ҳукми як шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистонро эълон мекунад. Ин муҳоҷири тоҷик ба барқасдона сӯзондани манзили ҷиянаш айбдор мешавад. Дар натиҷаи он сӯхтор як зани 50-сола ҷон бохт.

Чуноне аз дафтари матбуоти додгоҳи вилояти Свердловск хабар доданд, ки эълони ҳукми шаҳрванди Тоҷикистон М.М.Камолхоҷаев рӯзи 18 сентябр, соати 14-00 оғоз мешавад. Додгоҳ ин парвандаро рӯзи 19 май барои баррасӣ қабул карда, баъди чанд дафъа ба таъхир гузоштан рӯзи 16 август ба муҳокимааш оғоз кард. Қозии мурофиа Александр Ладин мебошад.

Тафтишот мегӯяд, М.М.Камолхоҷаев шаби 23 майи соли 2016 дар кӯчаи Пронинаи шаҳри Санкт-Петербург дар ҳолати мастӣ бо ҷиянаш ва ҳамсари вай, ки ҳомила буд, ҷанҷол мекунад. Ӯ аз хона хеле озурдаву дар ғазаб берун шуда, таҳдид мекунад, ки ҳамаатро оташ хоҳам зад.

Ва дар ҳақиқат, Камолхоҷаев баъди чанд вақт миқдоре бензин пайдо карда, ба кӯчаи Пронина бармегардад ва шабона, вақте ҳама хоб буданд, хонаи ҷиянашро оташ мезанад. Ӯ ба болои ин дари хонаро низ аз берун мебандад, ки касе баромада натавонад.

Кумитаи тафтишоти вилояти Свердловск вақте тафтиши ин парвандаро анҷом дода, ба додгоҳ супурд, гуфта буд, «гумонбарро ҳатто ин ки дар он хона ба ғайр аз ду нафаре, ки бо ӯ ҷанҷол карданд, қарор доштани боз се нафари дигар – як кӯдаки дусола ва ду нафари солхӯрда аз ин амали бад гардонда натавонист. Ӯ ҳамчунин хуб медонист, ки дар ин хона одамони дигар низ зиндагӣ мекунанд ва онҳо низ метавонанд аз амали вай осеб бинанд.”

Дар натиҷа бар асари хонаро оташ задани М.М.Камолхоҷаев он шаби шум як зани 50-сола ба ҳалокат расид.

Айбномаи шаҳрванди 38-солаи Тоҷикистон М.М. Камолхоҷаев бар асоси 5 банди Кодекси ҷиноятии Русия – қисми дуюми моддаи 167 (қасдан сӯзондани молу мулки ғайр), қисмҳои якум ва дуюми моддаи 105 (куштор), қисми дуюми моддаи 112 (қасдан расондани осеби вазнин ба саломатӣ) ва моддаи 30 (қасди ҷиноят) – таҳия шудааст. Бар асоси ин 4 банди қонун ба Камолхоҷаев то 20 соли зиндон таҳдид мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *