Ваҳшоният дар Самарқанд

Суди вилояти Самарқанд Нигора Солихонова, мудири як таваллудхонаи хусусиро ба 13 соли зиндон маҳкум кард.

Дар ин таваллудхона, ба гуфтаи суд, тифлони навзодро ба нархи аз 500 то 2000 доллар мефурӯхтанд ва кӯдаконеро, ки ба фурӯш намерафтанд, оташ мезаданд. Аз даруни печкаи таваллудхона ҷасади сӯхтаи даҳҳо кӯдакро пайдо кардаанд.

Рӯзномаи «Ҳуқуқ”-и чопи Ӯзбекистон дар бораи як парвандаи даҳшатовари харидуфурӯш ва куштори ваҳшиёнаи кӯдакони навзод дар як таваллудхонаи хусусӣ дар Самарқанд хабар додааст. Суди вилояти Самарқанд мудири ин таваллудхона Нигора Солихоноваро ба 13 соли зиндон маҳкум кардааст. Чанд корманди дигари ин таваллудхона низ маҳкум ба солҳои мухталифи маҳбас шудаанд. Муаллифони мақола — муфаттиши прокуратураи вилояти Самарқанд Асомиддин Сайфиддинов ва бозпурси ин идора Умедҷон Ҳакимов навиштаанд, ки таваллудхонаи шахсии Нигора Солихонова асосан ба аборт (исқоти ҳамл) машғул буд, вале дар рафти тафтиш маълум шуд, ки дар ин ҷо ба ҷиноятҳое, ки ақли инсон бовар намекунад, даст мезаданд. Аз ҷумла роҳбарони таваллудхона барои кӯдаконе, ки дар натиҷаи ба таври сунъӣ қатъ кардани ҳомилагӣ зинда ба дунё меомаданд, ҳуҷҷатҳои сохта омода карда, онҳоро ба оилаҳои муҳтоҷи фарзанд дар ивази пул мефурӯхтанд. Ба гуфтаи мақомоти тафтишотӣ, соҳибони таваллудхона барои ҳар кӯдак аз волидони ба нохуни фарзанд зор аз 500 то 2000 доллар мегирифтанд.Агар кӯдакон ба фурӯш намерафтанд ё сари вақт харидор пайдо намешуд, он гоҳ ин тифлони бечораро бидуни нигоҳубин мегузоштаанд ва баъди мурданашон дар печкае, ки дар асл барои сӯзондани лавозимоти тиббӣ (бинт, пахта, сӯзандору…) буд, оташ мезадаанд.Вақте кирдори кормандони ин таваллудхонаи хусусӣ ошкор шуд, муфаттишон аз бухории таваллудхона боқимондаҳои ҷасадҳои сӯхтаи даҳҳо кӯдакро пайдо кардаанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *