Ваҳшоният дар Зарҳалол

РВКД вилояти Суғд дар бораи ошкор шудани як ҷинояти мудҳиш дар ҷамоати Зарҳалоли Истаравшан хабар дод.

Мақомоти корҳои дохилӣ рӯзи 11 декабр, соати 15:30 аз даруни сойи хушкида дар канори деҳаи Уяси ҷамоати Зарҳалол ҷасади бесари як духтари ҷавони зоҳиран 16-17-соларо бо аломатҳои пӯсидашавӣ пайдо карданд. Дар ҷараёни тафтишот маълум гардид, ки ин ҷасади ноболиғ Ашӯрқулова Орзугул Баҳодуровна,санаи таваллудаш 21августи соли 2001,истиқоматкунандаи деҳаи Уяси ҷамоати Зарҳалол мебошад. Орзугул Ашӯрқулова, ки дар синфи 11-уми мактаби миёнаи рақами 42 таҳсил мекард, аз поёни моҳи октябр ҳамчун шахси бедарак ғайбзада дар кофтуков қарор дошт.  17 декабр мақомоти корҳои дохилӣ бо иттиҳоми қатли Ашӯрқулова Орзугул бародари 23-солаи ӯ Ашӯрқулов Толибҷонро дастгир карданд.РВКД Суғд чӣ гуна кушта шудани ин духтари ноболиғро чунин ба қалам додааст: «Шаҳрванд Ашӯрқулов Толибҷон Баҳодурович, с/т 1995, истиқоматкунандаи ш. Истаравшан, ҷ/д Зарҳалол, деҳаи Ободдара, миллаташ ӯзбек, муҷаррад, бекор, дастгир шудааст, ки бо сабаби пайдо шудани маълумоти бардурӯғ оиди бо мардони бегона муносибатҳои шаҳвонӣ доштани хоҳари ноболиғаш Ашӯрқулова Орзугул огоҳӣ ёфта, худро шарманда ва беобрӯ дониста, 28.11.2018, тахминан соати 18:30 дақиқа, ҳангоми ба хонаи истиқоматияшон баргаштани марҳум Ашӯрқулова Орзугул, ба оғили хонаи истиқоматияшон бурда, бо истифода аз халтаи тӯрӣ роҳи нафаси охиронро буғӣ карда, ба ҳалокат расондааст. Пас аз як соати ҳодиса Ашӯрқулов Т ба ҷои ҳодиса баргашта, ҷасади Ашӯрқулова Орзугулро ба болои ускунаи коҳбури ҷоду гузошта сари охиронро буридааст.”Аз ин ҳодиса падари ноболиғ Ашӯрқулов Баҳодур,соли таваллудаш 1968 воқиф гашта, барои онки кирдори ҷиноятии фарзандаш Ашӯрқулов Толибҷон ошкор нашавад, ҳамроҳ ҷасади фарзанди ноболиғаш Ашӯрқулова Орзугулро ба мошин бор карда, бурда, дар саҳрои канори деҳаашон, дар даруни сой пинҳон кардаанд.Ҳоло нисбат ба Ашӯрқулов Толибчон бар асоси қисми якуми моддаи 104-уми Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон (одамкушӣ) парвандаи ҷиноятӣ оғоз шуда, тафтишот идома дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *