“Вагнер” ба Африқо меравад
Евгений Пригожин, раиси гурӯҳи «Вагнер» дар як навори видеоӣ, ки рӯзи чаҳоршанбе нашр шуд, гуфт, «Вагнер» дигар дар Украина намеҷангад ва онҳо бояд худро барои Африқо омода кунанд.
Ин навор аз тарафи канали хабарии «Вагнер» дар «Телеграм» нашр шуд. Дар ин навор Евгений Пригожин ба сарбозонаш мегӯяд, ки «ба хоки Белорус хуш омадед. Мо сарафрозона ҷангидем. Шумо барои Русия корҳои бузурге анҷом додед. Он чӣ дар ҷабҳаи ҷанг мегузарад, шармовар аст ва дигар лозим нест, ки дар он иштирок кунем».
Ёдовар мешавем, ки гурӯҳи “Вагнер” пас аз ошӯби низомӣ ба Белорус интиқол дода шуд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ