Ҷайҳун: бунёди беш аз 500 иншоот дар панҷ сол

Ба хотири истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун сохтмони 504 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар се соли омодагӣ ба 30-солагии Истиқлоли давлатии кишвар беш аз 30 иншоот бунёд карда шудааст.

Фурқат Мирзодавлатзода, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии ноҳияи Ҷайҳун дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки танҳо дар панҷ моҳи соли равон 67 бинову иншоот сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт, ки беш аз 110 дарсади нақшаро ташкил медиҳад. Ӯ мегӯяд, ки дар соли 2022 бошад, 93 иншооти таъиноти гуногун сохта ба истифода дода шуд.

“Ҳоло 25 бино барои ба истифода додан омода карда шуданд. Дар 16 иншооти дигар корҳои сохтмонӣ бомаром идома доранд”,- афзуд ӯ.

Фурқат Мирзодавлатзода афзуд, ки дар се соли омодагӣ ба хотири таҷлили 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар маҷмуъ 308 бинову иншоот сохта ба истифода дода шудааст. Ба таъкиди вай, бунёди бинову иншооти таъиноти гуногун дар коҳиш додани шумораи бекорӣ миёни аҳолӣ нақши назаррас мегузорад.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *