Вахш: 30 дарсади роҳҳои маҳаллӣ ба талабот ҷавобгӯ нестанд
Давоми соли равон роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Вахш бо харҷи наздики 1 миллион сомонӣ таъмири ҷорӣ ва асосӣ карда шуданд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳанӯз роҳҳои харобгашта дар ин ноҳия кам нестанд.
Наҳтулло Олимов, сардори муассисаи давлатии роҳҳои автомобилгарди ноҳияи Вахш дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки бо саҳми соҳибкорон дар ҳашт моҳ бо харҷи 800 ҳазор сомонӣ роҳҳои автомобилгард сангфарш ва таъмир шудаанд. Ӯ мегӯяд, ки боз то охири сол соҳибкорон дар таҷдид ва таъмири роҳҳо саҳм мегузоранд.
Аммо ҳиссаи мақомоти маҳаллӣ дар ҳашт моҳ барои нигаҳдории роҳҳои мошингард 30 ҳазор сомонӣ будааст. Ин ҳам дар ҳолеcт, ки таъмири роҳҳои маҳаллӣ дар асоси Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 639 аз 2-юми декабри соли 2009 бар зиммаи мақомоти маҳаллӣ вогузор карда шудааст.
— Аз ҷамъи умумии роҳҳои аҳамияти маҳаллидошта 30 дарсадаш ба талабот ҷавобгӯ нест. Боқимонда таъмир шудаанд. Аз буҷети ноҳияи Вахш дар ҳашт моҳ 30 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст, ки ин кам аст. Вале буҷети ноҳия сар ба нӯг буд мешавад,- афзуд ҳамсуҳбатамон.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ