Вакили парлумон бо пора дастгир шуд

Вакили Шӯрои мардумии вилояти Намангон ва узви Ҳизби либерал-демократии Ӯзбекистон Олимҷон Тухтаназаров 22 сентябр ҳангоми гирифтани пора аз як омӯзгори мактаби ноҳияи Чусти ин кишвар боздошт шудааст.

Тухтаназаров ба «қаллобӣ бо истифода аз мақоми хидматӣ», «шарикӣ дар ҷиноят» ва «додани пора» айбдор мешавад. Ӯро бо розигии Шӯрои вакилони халқии вилояти Намангон дастгир ва ҳабс карданд.

Ба иттилои додситонии вилояти Намангон, Тухтаназаров ба мудири барканоршудаи як мактаби ноҳияи Попи ин вилоят М. И. ваъда кардааст, ки тавассути шиносҳои баландпояаш дар ивази 500 доллари амрикоӣ қарори додгоҳро бекор ва ӯро ба ҷои кораш барқарор хоҳад кард.

Кормандони Хадамоти амнияти давлатии Ӯзбекистон 22 сентябр дар пайи шикояти мудири пешин Тухтаназаровро ҳангоми гирифтани 500 доллари амрикоӣ дастгир карда, худи он рӯз ӯро ба ҳабс гирифтанд.

Ёдрас мешавем, Олимҷон Тухтаназарови 50-сола, ки дар яке аз шабакаҳои телевизионии Ӯзбекистон ба ҳайси коргардон низ кор мекард, пештар пешниҳод карда буд, ки ба президенти ин кишвар Шавкат Мирзиёев ҷоизаи Нобел дода шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *