Вакилони Парлумон дар Данғара бо интихобкунандагон вохӯрданд
Аз 14 то 22 октябр барои гузаронидани вохӯриҳо бо интихобкунандагон вакилони Парлумон ба шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ба сафари хизматӣ баромадаанд.
Дар ин росто, вакилони Маҷлиси намояндагон Идизода Файзалӣ ва Гулаҳмадзода Зулфиқор дар ноҳияи Данғара бо кормандони Шабакаҳои «Барқи ноҳияи Данғара» мулоқот намуданд.
«Дар вохӯрӣ масъалаҳои омодагӣ ба давраи зимистони дарпешистода, таъмини аҳолӣ ва муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва дигар ташкилоту муассисаҳои ҳудуди ноҳия бо неруи барқ дар фасли сармо мавриди баррасӣ қарор гирифтанд»,-иттилоъ дод Муҳаммадато Султонов, сухангӯи Парлумони кишвар.
Ҳамчунин, 17 октябр вакилони Маҷлиси намояндагон Идизода Файзалӣ ва Гулаҳмадзода Зулфиқор, муовини раиси ноҳияи Данғара Сайдализода Садриддин, раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара Каримзода Пирмаҳмад, директори Муассисаи таълимии давлатии мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара Абдуллозода Қурбоншо бо омӯзгорону хонандагони муассисаи таълимии давлатии мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Данғара мулоқот намуданд.
Худи ҳамин рӯз дар толори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дар ноҳияи Данғара ва сокинони ҷамоати «Сафобахш» вохӯрии вакилони Маҷлиси намояндагон бо сокинон, устодон ва донишҷӯён баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ муовини раиси ноҳияи Данғара Сайдализода Садриддин, муовини ректори Донишгоҳи давлатии тиббии Хатлон дигар шахсони масъул иштирок доштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ