Вакилони тоҷик бо Ифтихорномаҳои Ассамблеяи байнипарлумонӣ сарфароз гардиданд

Вакилони Маҷлиси намояндагон дар ҷаласаи 45-уми пленарии Ассамблеяи байнипарлумонии давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва ҷаласаҳои Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷаъмона дар шаҳри Санкт-Петербург иштирок намуданд.

Аз ҷумла дар ҷаласаи 45-уми пленарии Ассамблеяи Байнипарлумонии ИДМ раисони кумитаҳои Маҷлиси намояндагон Абдураҳим Холиқзода дар мавзӯи «Қонуни моделӣ оид ба иштироки ҳокимиятҳои маҳаллӣ дар баҳсҳои наздисарҳадӣ», Эмомалӣ Насриддинзода дар мавзӯи «Оид ба судҳои ҳакамӣ», «Санҷиши парлумонӣ», Лутфия Раҷабзода роҷеъ ба мавзӯи «Таъмини ҳуқуқӣ ва амалияи самаранок» баромад намуданд.

cw0b8386

Дар интиҳои ин ҷаласаҳо Муовини Раиси Маҷлиси намояндагон Акрамшо Фелалиев ва Раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Лутфия Раҷабова, вакили Маҷлиси намояндагон Мирзодавлат Сабуров бо Ифтихорномаи фахрии Ассамблеяи байнипарлумони давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Созмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъона сарфароз гардонида шуданд.

 Дар ин бора Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлиси намояндагон иттилоъ дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *