Ваксина аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон ворид шуд

Шаби 8-уми март аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон ваксинаи зидди COVID-19  ворид шудааст. Дар назар аст, ки рӯзҳои наздик эмкунии гуруҳи муайяни шаҳрвандони кишвар оғоз мешавад.

Дар  навбати аввал табибон ваксина  мегиранд. Ин ваксинаҳо дар доираи барномаи Созмони ҷаҳонии тандурустӣ бо номи COVAX ба Тоҷикистон ройгон дода шуданд.

Тавре ки аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон хабар доданд, шаби гузашта, 8-уми март ба кишвар 192 ҳазор воя ваксинаи “Астразенека” ворид шудааст.

 Ваксинаи мазкур дар ҷойҳои махсус нигоҳдорӣ мешаванд ва барои оғоз кардани эмкунӣ бояд қарори ҳукумат содир шавад.

«Мунтазири қарори Ҳукумат ҳастем. Мо лоиҳаи қарорро омода кардем, пешниҳод мешавад ба вазорату идораҳо, мувофиқа мешавад ва ҳукумат тасдиқ кард, гузарондани ваксинаро оғоз мекунем»,-гуфт  Наврӯз Ҷаъфаров, сардори Раёсати амнияти санитариву эпидемиологии вазорати тандурустӣ.

Тоҷикистон дар доираи барномаи COVAX бояд 730 ҳазор ваксинаи ройгони «Астразенека»-ро дарёфт кунад. Аз ин миқдор 192 ҳазор воя ваксина ба Тоҷикистон расида, дақиқ нест, ки миқдори боқимонда кай ба кишвар мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *