Оғози ваксинагузаронии ройгон дар Тоҷикистон (видео)

Суҳбат бо Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ

Ҳафтаи равон масъулини  Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз мардуми кишвар пурсидаанд, ки оё хоҳони эм аз COVID-19 ҳастанд ё на? Чанде қабл вазири тандурустӣ Ҷамолиддин Абдуллозода дар идораи ҳафтаномаи “Тоҷикистон” гуфта буд, ки Тоҷикистон интизори ваксина аз  COVID-19 аст.

Ҳоло дар кишвар эмкунӣ шурӯъ нашудааст, аммо интизор меравад, ки дар кӯтоҳтарин муддат ба Тоҷикистон ваксина ворид шавад. Самариддин Ализода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Тоҷикистон” доир ба раванди гузаронидани ваксина, омодагии табибон барои гузаронидани он ва  дигар масъалаҳои марбут суҳбат кард. 

-Ба наздикӣ Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо Раиси  Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин суҳбати телфонӣ доштанд. Чин омодагии худро барои таъмини аҳолии Тоҷикистон бо ваксина  изҳор доштааст. Нигоҳи шумо чист?

-Бале, ҳоло навбати аввал ворид кардани ваксинаи Британияи Кабир -“АстраЗеника” аст. Ворид кардани ваксинаи Чинро гурӯҳи корӣ меомӯзанд ва тасмими ниҳоӣ мегиранд. 

— Мо медонем, ки Вазорати тандурустӣ дар мавриди эмкунӣ миёни мардум пурсиш гузаронид, луфтан, бигӯед, ки ба кадом натиҷа расидед?

— Бале, мо аз аҳолии кишвар пурсидем, ки эм гирифтан мехоҳанд ё не ва натиҷаи пурсишамон маълум кард, 81%-и мардуми Тоҷикистон эм кардан мехоҳанд.

— Атрофи гузаронидани ваксина ба аҳолии  Тоҷикистон гуфтугузор зиёд аст.  Ниҳоят, тасмим чӣ шуд ва кадом намуди ваксинаро Тоҷикистон ворид мекунад?

Видеои суҳбатро ин ҷо бинед

— Алянси глобалии ваксинаҳо иммунизатсия ва Ташкилоти умумиҷањонии тандурустӣ дар ҳамкорӣ  бо сармоягузорон ва истеҳсолкунандагони ваксинаҳо, бо мақсади таъмин намудани дастрасии аҳолии ҷаҳон ба ваксинаҳои зидди коронавирус, Механизми КОВАКС -ро ташкил намуданд. Механизми КОВАКС ба ҳама давлатҳо новобаста аз он ки дар харидории ваксинаҳо худмаблағгузор мебошанд ва ё дастгирӣ карда мешаванд, имконият медиҳад, ки аз маҷмӯи калони ваксинаҳо истифода баранд.

Ба давлатҳое, ки аз ҷониби Алянси глобалии ваксинаҳо дастгирӣ карда мешаванд, аз ҷумла Тоҷикистон, дар доираи Механизми КОВАКС кафолати гирифтани ваксинаҳо ба андозаи иммунизатсияи тақрибан 20% аҳолиашон, дода ва иммунизатсия мешавад.

Тоҷикистон дар доираи Механизми КОВАКС ба рӯйхати 92 давлати дорои даромади паст дар Механизми уҳдадориҳои қаблии бозори (АМC-92) дохил карда шуд. Дар доираи он, бо дастгирии Алянси глобалии ваксинаҳо ва иммунизатсия, ваксинаҳои зидди  коронавирусро ҳамчун кумаки башардӯстона иммунизатсияи 20% аҳолӣ қабул мекунад.

Вобаста ба ин, барои ворид намудани ваксинаи зидди сирояти коронавирус ба ҷумҳурӣ,  моҳи ноябри соли 2020, гурӯҳи кори оид ба омодабошӣ ба ворид намудани ваксина, аз ҳисоби мутахассисони ботаҷрибаи соҳаи тандурустӣ, ташкилотҳои байналмилалӣ ба монанди Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ, ЮНИСЕФ, Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки осиёи рушд, Фонди Оқохон, Ҳилоли Аҳмар, таъсис дода шуд. Гурӯҳи корӣ дар давоми моҳҳои ноябр ва декабри соли 2020, банақшагирии гӯруҳи мақсадноки аҳолиро барои фаро гирифтан бо ваксинаи зидди сирояти коронавирус, дархостҳои ҷумҳуриро «Оид ба ворид намудани ваксинаи зидди сирояти коронавирус» ва ваксинаи “файзер” барои истифодабарии давлатҳо равон кард.

Вобаста аз оне, ки шароити нигоҳдории ваксинаи мазкур бояд дар доираи — 60 оС -80 °С амалӣ шавад, ҷумҳурӣ аз истифодабарии ин ваксина худдорӣ намуд, зеро ин талабот барои мо мутобиқ нест.

Шароити нигохдории ваксинаи “АстраЗеника” +2 0С +8°C мебошад. Дар ин асос ҷумҳурӣ қарор қабул намуд, ки имкониятҳои дигарро вобаста ба ваксинаҳои наве, ки шароити нигоҳдориашон ба давлат мутобиқ аст, интизор шавад.

-Акнун Тоҷикистон кадом намуди ваксинаро ворид мекунад?

–Ваксинаи “АстраЗеника” истеҳсоли Британияи Кабир. Тоҷикистон барои гирифтани он  дар давоми нимсолаи аввали соли 2021  муроҷиат намуда буд. Ваксинаи “Астра3еника” моҳи феврали соли 2021 дар рӯйхати маводи дар ҳолатҳои фавкқулода истифодашавандаи Ташкилоти умумиҷаҳонии тандурустӣ ворид шуд.

-Ин ваксина аз дигар ваксинаҳое, ки Русия ва дигар кишварҳо истеҳсол мекунанд, чӣ фарқият дорад?

-Самаранокии он 63,1%-ро ташкил медиҳад. Айни замон дар 55 давлати ҷаҳон барои мубориза бо сирояти коронавирус истифода бурда мешавад.

-Ин ваксина кай ворид мешавад?

-Мувофиқи нақша моҳҳои март-апрел.

— Барои ваксинае, ки Тоҷикистон ворид мекунад,  шароити нигоҳдорӣ вуҷуд дорад?

— Дар тамоми минтақаҳои кишвар яхдонҳои махсуси нигоҳдории доруворӣ ҳаст.

— Киҳо дар навбати аввал эм карда мешаванд?

-Тамоми ҳуҷҷатгузориҳо омода ва пешниҳод шудаанд. Дар рӯзҳои наздиктарин зиёда 192 ҳазор ваксинаи “АстраЗеника” ворид карда мешавад.  Дар навбати аввал 20 фоизи аҳолӣ ин ваксинаро мегиранд.

-Ба 20 фоиз киҳо шомил мешаванд?

-Дар ибтидо тамоми кормандони  соҳаи тандурустӣ, аз кормандони хурди тиб то сартабибон ва кормандони хоҷагидорӣ.  Баъдан, шахсони синну солашон аз 60-сола боло. Ва гурӯҳи одамони осебпазир, ки бемориҳои ҳамрадиф доранд. Яъне, шахсони гирифтори бемориҳои қанд, гепатит, ки аз 20 то 49- сола мебошанд.

-Гузаронидани ваксина чӣ гуна сурат мегирад?

-Ихтиёрӣ ва ройгон аст. Дар тамоми  марказҳои саломатӣ аллакай утоқҳои  махсуси гузаронидани ваксина ташкил шудааст.

— Дар ҳоли ҳозир кормандони соҳаи тандурустӣ ва худи мардум омодаанд ба эмгирӣ?

-Бале. Аллакай кормандони тиб аз омӯзиш гузаштаанд. Бинобар ин, гузаронидани ваксина ягон душворие надорад. Ҳоло вазифаи асосии мо корҳои фаҳмондадиҳиро зиёд кардан миёни аҳолӣ аст ва ин корро мо карда истодаем.

— Эмгирӣ чанд дақиқа вақт мегирад?

— Ҳамагӣ 1 дақиқа. 

— Чанд фоизи аҳолии кишвар бояд эмгузаронӣ шаванд?

— Ҳамагӣ 64 фоизи аҳолӣ ваксина мегиранд. Ногуфта намонад, ки ваксинае, ки ба Тоҷикистон меояд, барои нафарони аз 18-сола болост.

— Шаҳрвандони хориҷӣ ва гурезагоне, ки дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд, эм карда мешаванд?

— Бале, дар рӯйхатҳои мо ҳастанд ва бемушкилӣ онҳо ҳама эм карда мешаванд.

— Ташаккур барои суҳбат ва маълумоти муфид

— Саломат бошед.

Мусоҳиб

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *