Валиҷону Зулайхо дуэт сароиданд
Ду овозхони саршиноси кишвар Валиҷон Азизов ва Зулайхо Маҳмадшоева суруди дуовозии худро бо номи “Ҳоли дил” нашр карданд.
“Ҳоли дил” дар ютубканали шахсии Зулайхо Маҳмадшоева нашр шуда, дар як шабонарӯз зиёда аз 300 ҳазор маротиба боздид шуд, ки барои сегменти тоҷикии шабакаи мазкур аз ҷумлаи рекордҳо маҳсуб меёбад.
Суруди нави Валиҷону Зулайхо намоҳанг бо услуби қадима дошта, аз қиссаи ишқи ду ҷавон, ки солҳои зиёд давом кардааст, қисса мекунад.
Аҷобати намоҳанг он аст, ки дастандаркорон дар охираш чеҳраи сарояндагон-ҳунармандонро ба воситаи “грим” то андозае ба солҳои пириашон монанд кардаанд, ки ҳаводорони ин ду овозхон дар шарҳ навиштаанд, ки ҳардуи онҳо бо гузашти солҳо кампиру мӯйсафеди зебо, мисли намоҳанг мешаванд.
Ҳаводорони Валиҷон Азизов ва Зулайхо Маҳмадшоева ба суруди “Ҳоли дил” хеле зиёд таваҷҷуҳ карда ва онро дар саҳифаҳои иҷтимоиашон бознашр намудfанд.
Он дар худ чунин нақаротдорад:
Ҳоли дил хароб кардӣ,
Ҷигарам кабоб кардӣ.
Ба ҳарамсарои қалбам,
Ту аҷаб шитоб кардӣ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ