Вализода: Ятимон зери таваҷҷуҳи Роҳбари давлатанд

Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар самти дастгири ва ғамхорӣ нисбати ятимон ва оилаҳои ниёзманд масъулини Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Кӯшониё дар арафаи соли нави хониш ба 10 нафар ятими кулл либоси мактабӣ ва лавозимати хониш тақдим карданд.

Икромиддин Вализода, раиси ноҳияи Кӯшониён аснои ба ятимон додани кумак гуфт, ки «шумо зери таваҷҷуҳи доимии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор доред. Барои хушбахтӣ ва зиндагии осудаи шумо Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми тадбирҳои муҳим ва заруриро меандешад».

Кӯдакон ва наздикони онҳо миннатдории хешро барои дастгирии пайваста ба Роҳбари давлат баён намуда, ваъда доданд, ки дар оянда бо баҳои хубу аъло таҳсил хоҳанд кард.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *