Боз садамаи мудҳиш! Се муҳоҷири тоҷик дар Самара ба ҳалокат расиданд (аудио)

Се шаҳрванди Тоҷикистон дар як садамаи мудҳиш дар ноҳияи Сизрани вилояти Самараи Русия ба ҳалокат расидаанд.

Бино ба иттилои Сафорати Тоҷикистон дар Русия, фоҷеа дар 925-километрии шоҳроҳи М5 “Урал” дар ндар наздикии деҳаи Печерское рух додааст. Мошини сабукрави “Киа-Рио” ба як мошини боркаши тамғаи “MAN” бо қариб 20 тонна орд бархӯрдааст. Се мусофири мошини сабукрав ҷон бохта, ронанда ва як мусофири дигараш бо ҷароҳатҳои вазнин бистарӣ гардидаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия изҳор доштааст, ки дар мавриди фавти се нафар ҷавони тоҷик, ки субҳи 29-уми августи соли ҷорӣ дар шаҳри Сизрани вилояти Самара бар асари садамаи нақлиётӣ ба ҳалокат расидаанд, дар ҷараён мебошад.

Сафорат зикр кардааст, ки ҳамчунин бар асари ин ҳодисаи нохуш ду нафар ҷавони тоҷик ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *