Мукофоти “Омӯзгори ифтихории Хатлон” ба Маҳмадулло Лутфуллоев дода шуд

Маҳмадулло Лутфуллоев, собиқадори соҳаи маорифи вилояти Хатлон, муаллифи китоби «Алифбо» бо Нишони сарисинагӣ ва мукофоти «Омӯзгори ифтихории Хатлон» қадрдонӣ гардид. Ҷоиза ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои омӯзгорон дар соҳаи маориф таъсис дода шудааст.

Ғазалшо Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон тибқи дастури раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода ба аёдати Маҳмадулло Лутфуллоев — собиқадори соҳаи маориф рафта, Нишони сарисинагӣ ва мукофоти пулии «Омӯзгори ифтихории Хатлон»-ро дар манзили истиқоматиаш ба ӯ тақдим намуд.

Бо ташааббуси бевоситаи Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Хатлон Нишони сарисинагӣ ва мукофоти «Омӯзгори ифтихории Хатлон» таъсис дода шудааст. Ин ҷоиза ба хотири арҷгузорӣ ба хизматҳои бебаҳои устодону омӯзгорон, саҳми шоёну арзандаи онҳо дар таълиму тарбияи нишонраси насли наврас, эҳтиромгузорӣ ва саҳми шоиста дар беҳтарнамоии фаъолияти муассисаҳои томактабӣ, миёнаи умумӣ, таҳсилоти иловагӣ ва пешрафти кори соҳаи маорифи вилояти Хатлон таъсис дода шудааст. 

Нишони сарисинагӣ якҷо бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 3 ҳазор сомонӣ ба беҳтаринҳои соҳаи маориф дода мешавад.

Зимни тақдими ҷоиза Ғазалшоҳ Сафарзода, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон гуфтааст, ки хизматҳои шоёни Маҳмадулло Лутфуллоевро раиси вилояти Хатлон ба назар гирифта, ӯро арзандаи ҷоизаи мазкур донистааст.

Дар ин бора хадамоти матбуотии Раёсати маориф дар виояти Хатлон иттилоъ додааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *