Варшава-майдони набарди тоҷикон

Дар ҳафтаи дуюми Машварати солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Варшаваи Полша  мубоҳисоти тезутунд миёни ҳайати давлати Тоҷикистон ва намояндагони мухолифи давлати ин кишвар сурат гирифт.

Ҷанги лафзӣ

 Мушовири директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллои Раҳнамо, ки дар ҷаласаи корӣ оид ба баррасии иҷрои уҳдадориҳо дар бахшҳои озодиҳои асосӣ, аз ҷумла озодии фикр, виҷдон, дин ва ақида  суханронӣ мекард, гузоришҳо дар мавриди маҳдудиятҳо дар озодии мазҳабӣ дар Тоҷикистонро рад кард. Вай гуфт,  дар ҳоли ҳозир Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми уҳдадориҳои байналмилалии худро оид ба озодии виҷдон ва ақоиди мазҳабӣ иҷро мекунад, инчунин қонунҳои кишвар ба намояндагони тамоми динҳо ва равияҳо барои таъсиси муассисаҳои динӣ имкониятҳои баробар муҳайё месозад. Дар айни замон ӯ қайд кард, ки маҳдудсозии фаъолияти ҳаракатҳои динии ифротӣ ё манъи фаъолияти созмонҳои террористӣ наметавонад маҳдудсозии ҳуқуқи динии шаҳрвандон маҳсуб шавад, зеро онҳо иттиҳодияҳои динӣ нестанд.

Ҳамзамон, Абдуллои Раҳнамо аз суҳбати омехта ба гиряи Гулбарг Саидова, ҳамсари Умаршоҳ Давлатов, яке аз узви зиндонии Ҳизби наҳзати исломӣ интиқод кард, ки ба гуфтаи ӯ бо истифода аз фоҷиаи инсонҳо барои худ «карйераи сиёсӣ» месозад. Гулбарг Саидова бо ашки резон дар ҳамоиши Варшава аз танҳо мондани фарзандонаш ва фишорҳо болои падари пираш дар дохили Тоҷикистон суҳбат карда буд.

Абдуллои Раҳнамо гуфт: «Ман инро маҳкум мекунам, ки гурӯҳи сиёсие мехоҳад, бо истифода аз фоҷиаи ин инсонҳо барои худ имтиёзи сиёсӣ ба даст биёрад. Ин қобили қабул нест, ки мо ҳамчун инсон аз фоҷиаи ин одамон ва хонаводаҳои онҳо барои худ карйераи сиёсӣ бисозем ва ин ҷо тиҷорат ба роҳ монем.»  Гулбарг Саидова, ки се сол боз дар Лаҳистон зиндагӣ мекунад, дар суханронии худ дар бораи вазъи зиндониён  ва аз таъқиби хешовандонаш дар Тоҷикистон шикоят кард. Аммо Абдуллои Раҳнамо иддао дар бораи таъқиб барои андешаҳои сиёсӣ ва эътиқод дар Тоҷикистонро рад кард ва гуфт, аз ҷумлаи 40 ҳазор узви ҳизби мамнӯи наҳзати исломии ин кишвар 57 нафар зиндонӣ шудаанду дигарон озодона дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунанд.  Сипас вай номаеро нишон дод, ки ба гуфтаи ӯ худи Маҳмадалии Ҳайит навишта,  шиканҷа шуданашро рад кардааст. «Мегӯянд, ки ӯ дар шароити баде нигаҳдорӣ мешавад, дасту пояшро шикастаанд. Ман ҳамчун инсон мегӯям, ки ҳамаи ин сад дарсад нодуруст аст»- гуфт Абдуллои Раҳнамо.

Вале намояндагони мухолифон ба ин нуктаи нома таъкид карданд, ки дар он Маҳмадалии Ҳайит навиштааст, ки рӯзи 11 сентябр, рӯзи иншои он шиканҷа нашудааст. Мухолифон чунин натиҷагирӣ карданд, ки дар рӯзҳои қаблӣ ва пас аз 11 сентябр низ Ҳайит мавриди азияту шиканҷа қарор гирифтааст.Фирӯз, писари Маҳмадалии Ҳайит низ дар нишаст аз мавориди шиканҷа ва бадрафторӣ нисбати падараш суҳбат кард.

Баъд аз ин баҳси эҳсосие дар толор ба вуҷуд омад ва гурӯҳе аз намояндагони созмонҳои мухолифи давлат Абдуллои Раҳнаморо ба дурӯғгӯӣ муттаҳам карданд. Муҳиддин Кабирӣ, раиси ҳизби дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ гуфт, агар ҳукумат мехоҳад, ҳақиқатро нишон бидиҳад, пас, бояд ба ҳомиёни ҳуқуқ иҷоза бидиҳад, ки худашон дохили зиндонҳоро бубинанд. Вай зимни муроҷиат ба Абдуллои Раҳнамо гуфт: «Мо маҷбурем дар ин бора гап занем, чун ягон созмони ҳомии ҳуқуқ дар Тоҷикистон имкон надорад, дар бораи тақдири зиндониёни сиёсӣ суҳбат кунад. Ба созмонҳои дохилии ҳомии ҳуқуқ ба Салиби Сурх иҷоза бидиҳед, зиндонҳоро бубинанд, мо сокит мешавем.»

Мулло Абдураҳим: “Мухолифон ҳама террористанд!”

Раҳим Каримов бо номи Мулло Абдураҳим маъруф буда,  дар замони ҷанги дохилӣ дар сафҳои иттиҳоди мухолифон силоҳ дар даст алайҳи неруҳои давлати Тоҷикистон ҷангида буд, баъдан ба қавли худаш “ба гуноҳҳои кардааш тавба карда” ва ба ҳайси устоди Донишкадаи исломии Тоҷикистон фаъолият мекунад. Вай дар Машварати солонаи Дафтари ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо дар шаҳри Варшаваи Полша аз номи “Ҷомиаи шаҳрвандии Тоҷикистон” ширкат ва суханронӣ кард. Видеои суханронии Мулло Абдураҳим дар ин ҳамоиш, ки дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет пахш гардид, бо забони лакнатдори русӣ суҳбат мекард ва вожаи “демократизация”-ро талаффуз карда натавонист. Вай ҳизби назҳат ва “Гурӯҳи 24”-ро гурӯҳи террористӣ ва экстремистӣ хонд. Сипас, баҳсу талошҳои Мулло Абдураҳим бо намояндагони мухолифони давлат берун аз ҳамоиш дар роҳрави бинои ҳамоиш сурат гирифт.

Мулло Абдураҳим бо намояндагони созмони мухолифи дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24” вориди баҳси гарме шуд. Дар навори видеоӣ, ки дар шабакаҳои иҷтимоии Интернет пахш шуд, дида мешавад, ки вай гаштаву баргашта аъзои “Гурӯҳи 24”-ро “шумо террористед ҳамаатон!” мегӯяд, вале намояндагони “Гурӯҳи 24” ба ӯ мегӯянд: “Мо террористем ё ту? Кай мо яроқ гирифтем? Худат набудӣ, ки яроқ гирифта будӣ ва тоҷик мекуштӣ?”

Вай зимни баҳс бо Акмал Астанаев, узви “Гурӯҳи 24” иқрор мешавад, дар бар силоҳи оташфишони автомат Калашников дошт, аммо тоҷиккушӣ накардааст. Мулло Абдураҳим созмони мухолифони “Гурӯҳи 24”-ро гурӯҳи экстремистӣ хонда  гуфт, ки аз Ватан гурехта, дар Аврупо гуреза шудаанд.Акмал Астанаев ба навбати худ гуфт, ки аҳли хонаводаи Мулло Абдураҳим ҳам гуреза шуда, дар Аврупо паноҳ бурдаанд. Вале вай гуфт, ки ҳеч гоҳ гуреза набуда, фарзандонаш дар Аврупо таҳсил мекунанд. “Ҳукумати Тоҷикистон иҷозат додагӣ аст, фақат ин ки ба террористҳо ҳамроҳ нашавед, мегӯяд. Ман як моҳ пеш рафта хабарашон гирифта будам”,-таъкид дошт Мулло Абдураҳим. Чун мубоҳисот  торафт гарму тунд гардид, як узви дигари ҳайати Тоҷикистон аз маҳали баҳс Мулло Абдураҳимро аз дасташ гирифта, аз пеши аъзои «Гурӯҳи 24” дур бурд.

7 алайҳи 60

Дар ҳамоиши Варшава ҳайати 7 нафарии давлати Тоҷикистон дар муқобили гурӯҳи 60 нафарии мухолифон истодагарӣ кардааст.Абдуллои Раҳнамо дар саҳифаи худ дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук навиштааст, ки фақат ҳайати “Гурӯҳи 24” ба маълумоти худашон аз 21 нафар ва муҳоҷиру ҷавонону ислоҳоту паймону мустақилу ғайра низ буданд. Вале ба навиштаи вай, миёни намояндагони мухолифон ихтилофу парокандагӣ ҷой дошта, “ҳама худро ҳаққу дигарро ноҳақ медонистанд”. “Мухолифи кӯҳанкору собиқадор, роҳбари ҳаракати сиёсии «Ватандор” Додоҷон Атовуллоев дар саҳифаи худ чунин ҷумлаи пур аз дарду ишораву маъно навишт: «Аввалин бор аз оппозитсия будани худ шарм кардам!”. Бо ин ҷумла ҳама чиз гуфта шуда буд”,-навиштааст Абдуллои Раҳнамо. Ба қавли ҳайати давлатӣ, рисолаташ  ба ҷомеаи ҷаҳонӣ расондани воқеияти Тоҷикистон буд, на музокираву баҳсу мунозираю ҷадал бо намояндагони мухолифон. Дар ҳафтаи аввал ҳайат дар анҷоми рисолати худ комёб буд.

Ҳамзамон, Абдуллои Раҳнамо аз сабти пинҳонии ҷавонони мухолиф аз нишаст, гаштугузор ва таомхӯрии ҳайати давлат интиқод кард, ки шабакаи телевизиони мухолифон мавсум ба “САТV”дар муддати 10 дақиқа саҳнаи таомхӯрии Мулло Абдураҳимро нишон додааст. Намояндаи ҷомеаи шаҳрвандӣ, марди 67 — сола Камолҷон Самиев бо ҳайрат изҳор медошт, ки ин гурӯҳи ҷавонон ҳар рӯз ҳар боре, ки аз наздаш гузаранд, шахсияти ӯ ва хоса тоқии тоҷикии ӯро бисёр густохона таҳқир мекунанд. Абдуллои Раҳнамо ин кирдори ҷавонони мухолифро авбошу ҷосус дар ҳамоиши САҲА хондааст, ки чеҳраи мухолифинро муаррифӣ намояд.

Дар ҳамин ҳол, ҳайати давлати Тоҷикистон аз марди тоқипӯш Камолҷон Самиев ва либоси миллии Дилором Маҳкамова, устоди Донишгоҳи давлатии Бохтар ситоиш кардааст, бо вуҷуди дар ташкилоти эҷодию дар созмони ғайридавлатӣ фаъолият кардан, мафҳумҳои ватану миллату сулҳу субот барояшон арзишҳои муқаддасанд ва ҳамаи онҳо барои дифоъ аз ин арзишҳо мавқеи ягона доранд.

Мардони Муҳаммад,

“Тоҷикистон”

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *