Варзишгари навраси тоҷик дар Ӯзбекистон соҳиби медали тилло шуд
Варзишгари навраси тоҷик Сомон Турсунзода дар мусобиқаи байналмилалии «Judo Termiz Open 2024» соҳиби медали тилло шуд.
Бино ба иттилои Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Тоҷикистон, ин мусобиқаи байналмилалӣ оид ба ҷудо дар шаҳри Тирмизи Ҷумҳурии Ӯзбекистон доир гардид.
Сомон Турсунзода дар вазни то 26 кг бо шикаст додани рақибони худ аз кишварҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистон сазовори ҷойи аввал гардида, медали тилло ба даст овард.
Гуфта мешавад, ки дар мусобиқаи мазкур зиёда аз 800 нафар варзишгарони наврас аз кишварҳои Осиёву Аврупо иштирок доштанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ