Варзишгари Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон ба ҳадафаш расид
15-уми июл дар шаҳри Юҷини иёлати Орегони Амрико Чемпионати ҷаҳонии варзиши сабук оғоз гардид, ки дар он намояндаи Тоҷикистон ширкат кард ва ба ҳадафаш расид. Мусобиқа то 24-уми июл идома меёбад.
Дар чемпионат 49 намуди мусобиқа (48 мусобиқа миёни мардон, 48 мусобиқа миёни бонувон ва 1 мусобиқаи омехта) баргузор мешавад, ки дар он 1900 варзишгар аз беш аз 190 кишвари дунё ширкат доранд.
Тоҷикистонро дар чемпионат Илдар Аҳмадиев, ки дар Бозиҳои олимпии Токио-2020 ширкат кардааст, дар дав ба масофаи 100 метр намояндагӣ кард.
Мусобиқа дар масофаи 100 метр миёни мардҳо 15-16-уми июл баргузор гардид. Илдар дар даври интихобӣ бо натиҷаи 10.66 сония дар дастааш дуюм шуда ба мара расид ва ба даври гуруҳӣ роҳхат гирифт. Ў дар марҳилаи интихобӣ миёни 28 нафар 9-ум шуд, вале дар даври дуюм дар гуруҳаш натиҷаи 10.85 сонияро нишон дода, дар даври дуюм миёни 57 нафар 55-ум ва аз идомаи сабқат маҳрум шуд.
Ба иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, Аҳмадиев, ки ба даври гуруҳӣ роҳ ёфт, ҳадафашро иҷро кардааст. Бори аввал як даванди тоҷикистонӣ тавонист ба даври гуруҳии Чемпионати ҷаҳон барояд.
Мураббии варзишгар Ғайрат Негматов ба Sports.tj гуфтааст, пас аз осеб дидан, ки то ҳол барқарор нашудааст, Илдар наметавонист натиҷаи беҳтарро нишон диҳад.
Дар масофаи 100 метр миёни мардҳо се ҷои аввалро намояндагони Амрико ба даст оварданд. Фред Керлей бо натиҷаи 9.86 сония ҷои аввал, Марвин Бреси бо натиҷаи 9.88 сония ҷои дуюм, Трейвон Бромел бо натиҷаи 9.88 сония ҷои сеюмро ишғол карданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ