Варзишгарони Ҷопон «Будо»-ро ба Душанбе меоранд
Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон мегӯяд, ки рӯзҳои 22-23 октябр ҳайати Будои Ҷопон ба Душанбе меояд. Ба иттилои манбаъ, ин ҳайат рўзи 22 октябр, соати 14:00 дар Толори гуштини “Зурхона” намудҳои ҳарбзани Ҷопонӣ — Ҷудо ва Кэндо намоиш медиҳад ва рӯзи 23 октябр дар ҳамкорӣ бо Федератсияҳои Будои Ҷумҳурии Тоҷикистон, машқҳои омӯзишии ҳарбзании Ҷопонӣ баргузор менамояд.
Аз сафоратхонаи Ҷопон дар Душанбе гуфтаанд, ки ба ҳайати коршиносони Будо ҳашт нафар аз Муассисаи Ҷудои Кодокан ва аз Федератсияи Кэндои Кулли Ҷопон шомиланд. Ҳадафи аслии ташрифи эшон ба Тоҷикистон таҳким бахшидани муносибатҳои дўстона байни Ҷопон ва Тоҷикистон ва ҳамчунин мусоидат намудан ба якдигарфаҳмӣ байни ду кишвар тавассути намоиш додани Будо — намудҳои ҳарбзани Ҷопонӣ мебошад.
Ин чорабинӣ дар якҷоягӣ аз ҷониби Бунёди Ҷопон, Сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон, Муассисаи Ҷудои Кодокан, Федератсияи Кэндои Кулли Ҷопон, Федератсияи Ҷудои Тоҷикистон, Федератсияи варзишгарони маъюби Тоҷикистон ва Федератсияи Кёкушинкайи Тоҷикистон баргузор мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ