Нархи барқу нархи гармӣ боло рафт

 

Ҳукумати Тоҷикистон нархномаи нави барқу гармии тавлидкардаи “Барқи тоҷик”-ро тасдиқ кардааст. 

Тибқи иттилои манобеи муътамад  қарори ҳукумат дар ин бора 1-уми октябри соли равон имзо шуда, аз 1-уми ноябр мавриди амал қарор мегирад: “Нархномаи нави нерӯи барқу гармӣ, тамоми муштариёни “Барқи тоҷик”-ро, ба истиснои корхонаи алюминийи тоҷик-“ТАЛКО”, дар бар мегирад”.

Ҳукумат ҳадафи ин иқдомро мусоидат барои рушди соҳаи энергетикаи Тоҷикистон гуфтааст. Дар ҳамин ҳол, чанд рӯзи ахир сокинони манотиқи мухталифи Тоҷикистон аз қатъ шудани неруи барқ шикоят мекунанд. мегӯянд, ки  шурӯъ аз 13 октябр шабона аз соати 22:00 то 05:00-и субҳ ва рӯзона аз соати 08:00 то 17:00 барқ қатъ мешавад. Дар ҳамин ҳол, масъулини “Барқи тоҷик” сабаби қатъи неруи барқро ба “корҳои профилактикӣ-таъмирӣ” рабт медиҳанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

2 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *