Варзишгарони Тоҷикистон ба Ханчжоуи Чин мераванд

Ҳайати дастаҳои ширкаткунанда аз Тоҷикистон дар Бозиҳои Осиё, ки дар Ханчжоуи Чин баргузор мешавад, яке пайи дигар маълум мешавад.

Дастаи ҷудокорони Тоҷикистонро 11 ҷудокор (7 мард ва 4 зан) намояндагӣ мекунанд. Инҳо Меҳрзод Сўфиев (то 60 кг), Обид Ҷебов (то 66 кг), Беҳрўз Хоҷазода (то 73 кг), Сомон Маҳмадбеков (то 81 кг), Комроншоҳ Устопириён (то 90 кг), Исроил Раҳимов (то 100 кг), Темур Раҳимов (+ 100 кг), Мадина Қурбонзода (то 48 кг), Аҳлия Муминова (то 52 кг), Фазилат Гулбоева (то 57 кг) ва Мавлуда Одинаева (то 57 кг) ҳастанд.

Ҳайати муштзанҳо иборат аз 13 (7 марду 6 зан) нафаранд. Инҳо Меҳрон Шафиев (51 кг), Аврор Воҳидов (57 кг), Баҳодур Усмонов (63,5 кг), Довуд Маҳкамов (71 кг), Шаббос Негматуллоев (80 кг), Давлат Болтаев (92 кг), Муҳаммад Аброриддинов (+92 кг), Руҳафзо Ҳақназарова (50 кг), Нигора Олимова (54 кг), Мижгона Самадова (57 кг), Бибинишастамо Холова (60 кг), Шоира Зулқайнарова (66 кг), Меҳриноз Музаффарзода (75 кг) ҳастанд.

Дар ҷиу-ҷитсу Фотимахон Гадоева (48 кг), Хушдил Ҷаъфаров (62 кг), Рамшед Абдуллоев (69 кг), Абдураҳмони Баҳромҷон (77 кг), Меҳроҷ Камолов (77 кг), Хушвақт Раҳмихудоев (85 кг) ширкат мекунанд.

Мусобиқаҳо дар доираи Бозиҳои Осиё аз 24 то 27-уми сентябр дар маҷмааи варзишии Olympic Sports Expo Center дар Ханчжоуи Чин доир мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *