Варзишгарони тоҷик дар се рӯзи Бозиҳо 11 медал ба даст оварданд

Варзишгарони тоҷик дар се  рӯзи Бозиҳо 11 медал ба даст оварданд

Дар рӯзи сеюми Бозиҳои 5-уми Осиё дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ варзишгарони тоҷик сазовори 4 медали биринҷӣ гардиданд.

Имрӯз мусобиқаҳо аз рӯи намуди гуштини анъанавӣ, тарзи классикӣ идома ёфт. Варзишгарони тоҷик Ёриев Ҳасан (-82 кг), Маматқулов Абдураҳмон (-100 кг), Миров Маҳмад (+100 кг) ва Эрназаров Самандар (+100 кг) медалҳои биринҷии бозиҳоро ба даст оварданд.

Ёдовар мешавем, ки Абдураҳмон ва Самандар дар тарзи озод низ медали биринҷӣ ба даст оварда буданд.

Баъд аз натиҷагирии 3 рӯзи мусобиқот Ҷумҳурии Тоҷикистон бо 1 медали нуқра ва 10 биринҷӣ дар ҷадвали ҳисоби медалҳо миёни 63 давлати иштирокчӣ дар ҷои 19-ум қарор дорад. Кишвари мизбон – Туркманистон бо 62 медал (29 тилло, 21 нуқра, 12 биринҷӣ) дар ҷои аввал аст. Ҷумҳурии Исломии Эрон бо 4 медали тилло, 2 нуқра ва 6 биринҷӣ дар мақоми дуюм, Ӯзбекистон бо 3 медали тилло, 5 нуқра ва 20 биринҷӣ дар мақоми сеюм қарор доранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *