«Истиқлол» пеш аз муҳлат боз чемпион шуд!

Бошгоҳи футболи  «Истиқлол»-и Душанбе баъди пирӯзиаш бар дастаи «Панҷшер»- Ҷалолиддини Балхӣ бо ҳисоби 5:0 дар даври нуздаҳуми чемпионати Тоҷикистон миёни дастаҳои Лигаи олӣ, пеш аз панҷ даври боқимонда, боз унвони фахрии чемпиониро соҳиб гардид.

«Истиқлол» пайиҳам панҷум маротиба мешавад, ки чемпионии Тоҷикистонро миёни дастаҳои Лигаи олӣ муяссар мегардад (дар таърихи фаъолияти даҳсолааш  «Истиқлол» шаш медали тиллоро сазовор гардида, шаш бор чемпиони Тоҷикистон шудааст – солҳои 2010, 2011, 2014, 2015, 2016 ва 2017).

Дар ин бозӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир шуд, Фатҳулло Фатҳуллоев дубл карда, ҳамдастаҳояш Дилшод Восиев, Ҷаҳонгир Алиев ва Нуриддин Давронов якголӣ ба дарвозаи мехмонон заданд.

Ёдрас мешавем, ки дастаҳои Лигаи олӣ то анҷоми чемпионати 26-уми Тоҷикистон  панҷ даври дигар бозӣ мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *