Варзишгоҳҳо дар ҳар кӯчаи Душанбе

Корҳои ободонию созандагӣ имрӯзҳо қариб дар ҳар гузару паскӯчаи шаҳри Душанбе тибқи «Нақшаи чорабиниҳо оид ба корҳои ободонӣ, бунёди гулгаштҳо ва кабудизоркунӣ, сохтмони майдончаҳои варзишӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе» ба назар мерасад. Ба майдончаҳои варзишӣ ва гулгаштҳо масъулони Ҳукумати ҷумҳурӣ ва роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ифтитоҳ бахшида, таъкид менамоянд, ки ҳамаи ин бо дастуру супоришоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти ҷумҳурӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳидояти Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ амалӣ шуда истодааст.

Ҳамин тавр, фақат дар давоми рӯзҳои 4 ва 5 август наздики 10 майдончаи варзишӣ дар мавзеъҳоигунгуни пойтахт мариди истифода қарор гирифтанд.

4 август дар назди бинои истиқоматии 100/1-и кӯчаи Фучики  ноҳияи Фирдавсӣ майдончаи варзишим масоҳаташ  750 метри мураббаъ аз ҷониби Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷиксуғурта» мавриди истифодаи наврасону ҷавонон қарор гирифт. Онро ҶДММ «Сомонтаҷҳизот» дар муддати чор моҳи  соли равон бунёд кард.

Бо маблағгузории  Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ пудратчӣ «Сафо-як» майдончаҳои варзишӣ  дар шаҳраки 63, назди биноҳои истиқоматии 709, 81, 83, 85, 87, 89-и кӯчаи Фирдавсии ноҳияи Фирдавсӣ дар масоҳати 3300 метри мураббаъ ва  дар шаҳраки 101-и ноҳияи   Сино дар масоҳати  1860 метри мураббаъ бунёд карда, ба истифода дод. Дар бунёди майдончаи варзишии масоҳаташ 6000 метри мураббаъ, дар шаҳраки 82, хиёбони Нусратулло Махсум назди биноҳои истиқоматии  73/2, 73/3  ноҳияи Сино  Кумитаи ҳифзи муҳити зист саҳми арзанда гузошта, иншооти мазурро пудратчӣ «Дилафрӯз» дар чор моҳ сохта, мавриди истифода қарор дод. Майдончаи варзишии масоҳаташ  588 метри мураббаъро дар ноҳияи Фирдавсӣ КВД «Хоҷагии манзилю коммуналӣ» маблағгузорӣ карда, пудратчӣ «КВД Хоҷагии манзилю коммуналӣ» дар се моҳи соли равон сохта, ба истифодабарӣ омода кард. Инчунин дар қисмати ҷанубию шарқии буриши хиёбони Борбад, кӯчаҳои Ҷомӣ ва  М. Назирбекови ноҳияи Сино Бонки давлатии амонагузории «Амонатбонк» майдончаи варзиширо дар масоҳати  3540 метри мураббаъ маблағгузорӣ намуда, онро ҶСК «СТС-иншоот» дар муҳлати кӯтоҳтарин онро сохта, барои истифода омода кард. Майдончаи варзишӣ воқеъ дар қисмати шимоли Донишгоҳи тиббӣ, Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон  ба номи  Абуалӣ ибни Сино  ва пудратчӣ ҶДММ «Балх-2015» дар ҳудуди  қитъаи замини  донишгоҳ дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ д майдончаи варзиширо бо  масоҳати  1560 метри мураббаъ сохта ба истифода доданд.

Бинобар иттилои шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи шаҳрдории Душанбе то арафаи ҷашни 26-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар пойтахт бо саҳмгирии вазорату кумитаҳо ва   дигар сохторҳои ҳукуматӣ 72 майдончаи варзишӣ сохта, ба истифода дода мешавад. Яъне, қариб ҳар як кӯчаи Душанбе соҳиби майдончаҳои варзишӣ мешавад.

Саодат Розиқзода,

коромӯз

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *