«Бандаи қотилон аз ФСБ” ду тоҷикро низ куштаанд

Дар вилояти Тюмен тафтиши парвандаи се афсари ФСБ ва як афсари ОМОН идома дорад. Аъзои ин «бандаи қотилон аз ФСБ” дар дастикам 18 куштор, аз ҷумла қатли дастикам ду шаҳрванди Тоҷикистон айбдор мешаванд.

Нашрияи маҳаллии «URA.RU” бо такя ба манобеи худ дар мақомоти интизомии минтақаи Тюмени Русия дар як гузориши муфассали таҳқиқотӣ бо номи «ФСБшники застрелили гастарбайтера наглазах предпринимателя” хабар дод, ки аъзои «бандаи қотилон аз ФСБ” ба сурати умум дар 18 куштор, аз ҷумла қатли дастикам ду шаҳрванди Тоҷикистон айбдор мешаванд.

«Инро ки ин «бандаи кормандони ФСБ чӣ гуна кор мекард, метавонд аз таърихи куштани як муҳоҷири тоҷик дар Тюмен дар соли 2010 фаҳмид.

Як соҳибкори озарӣ, ки ба сарпечӣ аз пардохти андоз ба маблағи ҳудудан 50 миллион рубл (бо қурби он замон тақрибан 2 миллион доллар) айбдор мешуд, кӯшиш кард, то ин мушкилро бо кумаки ду узви банда Сергей Гилев ва Алексей Коротков ҳал кунад. Онҳо ҳамчун ҳаққи хидмат барои «ҳалли масъала” 15 миллион рубл талаб карданд ва соҳибкори озарӣ ин маблағро ба онҳо дод. Вале аъзои банда масъаларо ҳал карда натавонистанд ва «мизоҷ” талаб кард, ки пулашро баргардонанд. Ҷинояткорон дар пайи ин як мардикори тоҷикро ёфта, ӯро сару либоси хуб пӯшонданд ва бо истифода аз клофелин мадҳуш карда, дасту пояшро бастанд ва ба бордони мошин партофтанд.

Ин тоҷикро сипас ба мулоқот бо соҳибкори озарӣ оварда, ҳамчун миёнараве муаррифӣ карданд, ки гӯё пулро барои баргардондан ба соҳибкор ба вай додаанд, вале ӯ пулро дуздидааст. Ба «миёнарав” ҳатто фурсати лаб кушодан надода, кормандони ФСБ муҳоҷири тоҷикро дар пеши чашми соҳибкори озарӣ парронданд ва ӯро ба даҳшат андохтанд. Соҳибкор чунон тарсида буд, ки дигар баргардондани пулашро ҳатто талаб накард. Баъди як муддати кӯтоҳ ин соҳибкори озарӣ низ дар як шароити мармуз кушта шуд.”

Ин қиссаи монанд ба қиссаҳои мафиозӣ дар бораи мафия нест, балки порае аз фаъолиятҳое як бандаи ибораи аз афсарони ФСБ – Хадамоти федеролии амнияти Русия – ва ОМОН – воҳиди вижаи пулис – мебошад, ки таҳқиқи парвандаи онҳо дар вилояти Тюмен идома дорад.

Мақомоти расмии ин минтақа рӯи ин парванда мӯҳри махфӣ задаанд ва аз ироаи ҳар навъ ҷузъиёт дар бораи он сарпечӣ мекунанд. Вале «URA.RU” бо такя ба манобеи худ дар мақомоти интизомии Тюмен менависад, аъзои ин банда, ки бо номи «бандаи қотилон аз ФСБ” маъруф шудааст, асосан соҳибкорону тоҷиронро шикор мекарданд. Баъди куштани тоҷир маъмулан ҳама пулҳои ҷамъкардаи ӯ ҳам аз ҳисобҷои бонкиаш ғайб мезад.

Аз ҷумла шаби 29 ба 30 декабри соли 2008 соҳибкори сокини Тюмен Дмитий Клованичро, ки ба табдили пули нақд (обналичивание) машғул буд, аз манзилаш рабуда, ба як ҷои беодам бурда, куштаанд. Ҳадафи ҳамлагарон на пулу моли нақди Клованич, балки ноутбуки ӯ буд, ки дар он тамоми маълумотҳо дар бораи ба куҷо интиқол ёфтани пулҳояшро ҳифз мекард. Ин пулҳо баъди қатли соҳибкор ба минтақаҳои офшор гузаронда шуда, бо ҳамин гум шуданд.

Вале дар байни қурбониёни «бандаи ФСБ” ронандагони такси ҳам будаанд, ки қотилон бо ҳадафи истифодаи мошини онҳо дар ҳамлаҳои худ ронандагонро кушта, мошинашонро мегирифтанд. Аз ҷумла ҷасади Александр Чашников 21 сентябри соли 2015 дар шоҳроҳи Тюмен-Омск ёфт шуд. Таксирони дувум, ки қатли ӯро ҳам ба ин банда рабт медиҳанд, Зокирҷон Холмуродов, шаҳрванди 18-солаи Тоҷикистон будааст. Моҳи марти соли 2016 боз як таксист – Роман Зимин – кушта шуд. Зиминро аз пушти курсии ронандагиаш бо як тир куштаанд

Манобеи «URA.RU” мегӯянд, ки ҳамлаҳои аъзои «бандаи ФСБ” батадриҷ оҳанги миллатгароёна гирифт ва ҳамин дар ниҳоят сабаби ошкор шудани ин гурӯҳи ҷиноятӣ шуд. «URA.RU” менависад: «Бино ба маълумоти тасдиқношуда, дар моҳи декабри соли 2016 ҷинояткорон дар Ялуторовск як муҳоҷир аз Осиёи Марказиро дуздида, ба ҷангал бурданд ва ӯро урён карда, ба дарахт бастанд ва баъди таҳқири зиёд парронданд. Гӯё тире, ки дар сари ин муҳоҷир дармонд, ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ имкон дод, ки аз рӯи картотека соҳиби пистолетро маълум карда, дар ниҳояти кор тамоми аъзои бандаро ташхис кунанд.”

Ду узви аввали «бандаи ФСБ” – як корманди ФСБ ва як афсари ОМОНро рӯзи 27 апрели соли ҷорӣ дар Ялуторовск дастгир карданд. Ба дунбол боз ду афсари ФСБ бо иттиҳоми даст доштан дар силсилаи кушторҳо боздошт шуданд. «URA.RU” менависад, исми се афсари боздоштшудаи ФСБ-ро маълум кардааст, ки Сергей Гилев, Александр Кобылин ва Алексей Коротков мебошанд. Аз миёни онҳо Коротков барои ҳамкорӣ бо тафтишот розӣ шудааст, ввале Сергей Гилев – снайпери собиқи нирӯҳои вижа (спецназ)-и раёсати ФСБ дар вилояти Тюмен шаби 19 ба 20 май дар боздоштгоҳи рақами 2, воқеъ дар Заводоуковск, рагҳои дасташро бурида худкушӣ кардааст.

«URA.RU” менависад, баъди худкушии Сергей Гилев, ки раҳбари ин банда шумурда мешавад, маълум кардани шумори воқеии қурбониёнаш мушкил шудааст, вале манобеи ин нашрия гуфтаанд, ки сухан дар бораи на камтар аз 50 ҳамла, аз ҷумла кушторҳои фармоишӣ меравад. Ҳангоми боздошт аз як узви банда дафтарчаеро пайдо кардаанд, ки дар он рӯйхати чандин ҳадафи навбатии ин банда навишта шуда буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *