«Ҳосилот» завол меёбад?

5 август бо баргузории ду вохӯрӣ даври 15-уми чемпионати Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ ба фарҷом расид.

Дастаи «Хуҷанд» дар майдони  худ дастаи «Панҷшер»-ро бо ҳисоби  (2:1) ва КМВА «Помир» дар Фархор соҳибони майдон «Ҳосилот»-ро бо ҳисоби калони 4:0 шикаст доданд.

Алҳол «Хуҷанд» бо 27 хо дар ҷадвал мақоми дуюм ва КМВА «Помир» бо 25 хол дар зинаи сеюм қарор гирифтанд. Ин дастаҳо, ки барои медалҳои нуқраи чемпионат талош меварзанд, 12 август дар Душанбе бо ҳам вомехӯранд. Ғолиби ин вохӯрӣ м авқеашро дар ҷадвал мустаҳкамтар хоҳад намуд.

Дар даври 16-ум, ки  12 ва 14 август  баргузор мешаванд,  дастаҳои КМВА «Помир» — «Хуҷанд», «Вахш» – «Панҷшер»  ва  «Истиқлол» – «Регар-ТадАЗ»бо ҳам вомехӯранд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *