Вазъи боду ҳавои имрӯза
Имрӯз, 29 июн дар ҷумҳурӣ ҳаво тағйирёбанда шуда, дар баъзе минтақаҳо боридани борони кӯтоҳмуддат ва раъду барқ пешгӯӣ карда мешавад. Мувофиқи маълумоти мутахассисони Агентии обуҳавошиносии Тоҷикистон, дар ғарби Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 27-32 дараҷа ва дар шарқи он 17-22 дараҷа гарм мешавад. Дар вилояти Хатлон ҳарорат дар водиҳо 36-41 дараҷа ва дар вилояти Суғд 32-37 дараҷаро ташкил медиҳад.
Дар ноҳияҳои тобеи марказ ҳаво қисман абрнок гардида, дар баъзе ноҳияҳо раъду барқ дар назар аст. Ҳарорати ҳаво дар водиҳо аз 32 то 37 дараҷа мерасад.
Дар шаҳри Душанбе ҳаво тағйирёбанда шуда, 34 — 36 дараҷа гарм мешавад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ