Корбарони Facebook ба 2 миллиард нафар расид

Шумори корбарони фаъоли шабакаи иҷтимоии Facebook дар моҳи равон ба ду миллиард нафар расид. Дар ин бора бунёдгузори шабака Марк Сукерберг рӯзи 27 июн иттилоъ дод.

«Мо барои тамоми мардумро бо ҳам пайваст кардан бояд роҳи тӯлониеро тай кунем. Вале онҳоро на танҳо бо ҳам пайваст, балки ба ҳамдигар бояд наздик кунем», — навиштааст Сукерберг.

Теъдоди корбарони Facebook моҳи октябри соли 2012, баъди ҳашт соли таъсисёбияш ба як миллиард нафар расида буд ва тайи 5 соли ахир як миллиарди дигар афзоиш ёфт.

Facebook – бузургтарин ва бонуфузтарин шабакаи иҷтимоӣ дар ҷаҳон буда, 433,5 миллиард доллари амрикоӣ сармоя дорад. Дар ҳоли ҳозир дар ин ширкат 18 ҳазору 770 нафар кор мекунанд. Ба ҳисоби миёна, ҳар рӯз аз ин шабака 1,28 миллиард одам истифода мекунанд, ки 85,8% -и онҳо дар хориҷ аз ИМА ба сар мебаранд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *